Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падараш гуфт, бо Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вохӯрданд


Авазхон Паҳлавонов ва писараш Чоршанбе Чоршанбиев
Авазхон Паҳлавонов ва писараш Чоршанбе Чоршанбиев

Пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев, размикори муҳорибаҳои омехта, бо ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вохӯрдаанд.

Чоршанбиев ду ҳафта пеш аз Русия ронда ва дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.

Мақомот ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият гумонбар медонанд. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро намепазиранд.

Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 13-уми январ гуфт, дар вохӯрӣ модарбузурги варзишкор низ иштирок дошт.

Ӯ афзуд: “Рӯҳия ва саломатиаш хуб буда, аз чизе шикоят надорад. Барои машқи ӯ толори варзишӣ ҳам ҷудо кардааанд.”

Паҳлавонов мегӯяд, писараш дар ягон гурӯҳ ва созмон ҳамроҳ набудааст ва ҳоло корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ду рӯз пеш Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфт, барои ҳимоят аз ҳуқуқи Чоршанбе Чоршанбиев се вакили мудофеъ ҷудо кардааст.

Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист.

Ӯро рӯзи 3-юми декабри имсол бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ба Тоҷикистон ронд. Падараш бовар дорад, қазияи Чоршанбе "тарҳрезишуда" аст.

XS
SM
MD
LG