Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев дар СИЗО мегузарад. Вакилони дифоъ розӣ нестанд. ВИДЕО


Чоршанбе Чоршанбиев

Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкоре, ки ба даъватҳои интернетии сарнагун кардани ҳокимияти Тоҷикистон айбдор мешавад, аз додгоҳ хостаанд, муҳокимаи ӯ на дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ, балки худи додгоҳ баргузор шавад. Муҳокима рӯзи 28-уми феврал оғоз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи онҳо, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор кардааст, ки мурофиа ба таври кушода бошад ҳам, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия ҷараён гирад.

Далел чист?

Намояндагони додгоҳ сабаби ин тасмимро шарҳ надоданд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 23-юми феврал дар эъломияе аз қавли мақомот навишт, эҳтимоли ҷамъ шудани мардуми зиёд дар назди додгоҳ вуҷуд дорад ва ин ҳолат метавонад, ба муҳокимаи дурусту саривақтии парванда халал расонад.

Вакилон аз Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, дар эъломия гуфтаанд, баррасии парванда дар фазои боз, яке аз кафолатҳои асосии дастрасӣ ба ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ аст ва муҳокимаи парванда дар бинои Боздоштгоҳ дастрасии расонаҳо ва ҷомеаро маҳдуд мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳокимаи ҷанҷолии Чоршанбиев оғоз мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Тасмими Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба гузарондани мурофиаи Чоршанбиев дар боздоштгоҳ имкони ширкати хабарнигоронро дар он мушкил мекунад. Чун ба гуфтаи масъулони эътилоф, бинои Боздоштгоҳ муҳофизатшаванда аст ва барои ворид шудан ба он ва ширкат дар мурофиа иҷозати пешакӣ зарур мешавад.

Бори аввал нест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон мурофиаи қазияи пурсарусадоро дар бинои боздоштгоҳ мегузаронанд. Муҳокимаи гумонбарон ба қатли сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 низ озод буд, вале ба хабарнигорон натавонистанд ба Боздоштгоҳ роҳ ёбанд.

Назари вакил

Вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, мурофиа метавонад дар ҳар ҷой гузарад, вале бояд ҳуқуқи шаҳрвандон барои ширкат дар он таъмин гардад.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

“Вақте қонун мегӯяд, мурофиаи ошкорои судӣ аст, бояд мурофиа ошкоро гузаронда шавад. Ошкоро, ҳар шаҳрванд метавонад дар мурофиа штирок кунад. Агар дар СИЗО ҳам бошад, бояд ҳуқуқи шаҳрванд таъмин карда шавад. Онҳо қоидаҳои дохилии СИЗО гуфта, мардумро намемонанд. Вақте дар СИЗО гузарад ва ҳуқуқи шаҳрванд поймол шавад, набояд дар СИЗО баргузор шавад, дар берун гузарад,” -- афзуд вакили мудофеъ.

Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта, рӯзи 31-уми декабри соли гузашта баъди ронда шудан аз Русия дар Душанбе дастгир шуд. Мақомоти тоҷик ӯро ба даъват ба сарнагунии ҳокимият тариқи интернет муттаҳам мекунанд. Ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд.

Парвандаи Чоршанбе Чоршанбиевро аввали моҳи феврал ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Дар оғоз нисбати Чоршанбиев бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тариқи интернет парванда боз шуда буд. Дертар банди аввал аз парванда ҳазф шуд ва Чоршанбиев ҳоло танҳо ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам мешавад. Ин айбнома аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва варзишгари муҳорибаҳои омехта аст. Вай солҳои охир дар Русия мезист ва рӯзи 31-уми декабри соли гузашта аз ин кишвар ихроҷ ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG