Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози вакилони Чоршанбиев. "Наворҳоро мутахассиси забони русӣ санҷад, на сиёсатшинос"


Чоршанбе Чоршанбиев, размикори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА
Чоршанбе Чоршанбиев, размикори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА

Вакилони мудофеъ аз даъват шудани коршиносону сиёсатшиносон барои баҳо додан ба наворҳои Чоршанбе Чоршанбиев, размикори дастгиршудаи муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон, норозигӣ кардаанд. Онҳо талаб доранд, ки барои ташхиси наворҳои Чоршанбиев равоншиносону мутахассисони забони русӣ даъват гарданд.

Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021, баъди истирдод аз Русия, дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам мекунанд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомҳоро намепазиранд.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи варзишгар ҳимоя мекунад, 24-уми январ бо нашри иттилоияе гуфт, "10-уми январ ташхиси ҳамаҷонибаи техникӣ, компютерӣ, сиёсӣ ва лингвистии навор бо ҳузури Чоршанбе Чоршанбиев таъин карда шуд."

Ба гуфтаи манбаъ, гузарондани ин ташхис бар уҳдаи мутахассисон ва коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи додгоҳӣ ва криминалистӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ва Кумитаи забон ва истилоҳот вогузор шуд.

“Вакилони мудофеъ аз болои ташхис норозигӣ баён карданд, аз ҷумла ҷалби ташхисгар ва сиёсатшинос аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон. Вакилон гуфтанд, муайян кардани маъно, шакл ва ҳадафи изҳори назар - танҳо вазифаи забоншиносон ва равоншиносон аст. Дар асоси ҳамин вакилони мудофеъ талаб карданд, ки равоншинос ва мутахассиси забони русӣ ҷалб шавад,” -- омадааст дар хабарномаи Эътилофи зидди шиканҷа.

Мақомот ба ин норозигии вакилони дифоъ ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист. Ӯро рӯзи 3-юми декабри соли 2021 бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ба Тоҷикистон ронд. Падараш бовар дорад, қазияи Чоршанбе "тарҳрезишуда" аст.

Мақомот дар ягона шарҳи расмӣ то ин дам гуфтаанд, алайҳи Чоршанбиев бо иттиҳомҳои барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият аз тариқи интернет бо истифодаи расонаҳо ё интернет парванда кушодаанд. Аз рӯи ин ду иттиҳом ба варзишгар солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Худи Чоршанбиев тавассути вакилони дифоаш гуфтааст, иттиҳомҳои эълоншударо қабул надорад, “чун ҷиноят содир накардааст.”

XS
SM
MD
LG