Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина воридоти гази Русияро аз минтақаҳои ҷудоихоҳ боздошт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 11-уми май, дар ҳоле ки бархӯрдҳои вазнини нерӯҳои Украина бо қувваҳои Русия идома доштанд, Киев воридоти гази табиии Русияро аз минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав мутаваққиф кард.

Ба қавли мансабдорони украинӣ, дахолати нерӯҳои Русия боис шуд, ки Киев интиқоли гази табиии ин кишварро аз маркази Новопсков боздорад. Ҳамин тариқ, интиқоли гази Русия ба Аврупо 25 дарсад коҳиш ёфт.

Ҳамчунин рӯзи 11-уми май Олмон эълон кард, ки ба 60 сарбози украинӣ истифодаи низоми тӯпхона ва ё артиллерияи нерӯмандро таълим хоҳад дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский бо вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок роҳҳои мадад барои ҳимоят аз таҷовуз ба хоки Украинаро баррасӣ кард.

Додситони кулли Украина нақша дорад, ки аввалин муҳокимаи сарбози муттаҳам ба куштори шахси мулкиро баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG