Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси чарогоҳ дар Рашт. Қарори раиси собиқро бекор карданд, вале мушкили мардум монд


Қаноатшо Лоиқзода
Қаноатшо Лоиқзода
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳияи Раштро дар бораи ба шахсони наздикаш додани беш аз ҳазор гектар чарогоҳ бекор кардааст. Лоиқзода ду сол пеш аз мансаб барканор шуд. Мардум мегӯянд, ҳанӯз ба чарогоҳ дастрасӣ надоранд. Масъулони хоҷагии деҳқонии "Абдухолиқ", мутааллиқ ба пайвандони Қаноатшо Лоиқзода, шикояти сокинон ва қарори додгоҳро беасос медонанд.

Даъво бар сари чист?

Идибек Лоиқов, бародари Қаноатшо Лоиқзода, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 1994 боз хоҷагии деҳқонӣ доранд. “Баъзе аз сокинони маҳалла дар ҳаққи мо шикояти беасос доранд, ки чарогоҳашонро гирифтаем,” – иддао кард ӯ.

Чанде аз сокинони ҷамоати Тагобаи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Қаноатшо Лоиқзода ҳангоми раисияш ба пайвандони худ чарогоҳҳоеро дод, ки дар гузашта умумӣ буд. Фарҳод Азизов, сокини маҳалла, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо намедонанд, чорвояшонро дар куҷо бичаронанд.

“170 моли хурд, 20 гов, ду асп ва як хар дорам. Чарогоҳро гирифтаанд, ҷойи чаронидан нест. Маҷбур ҳастам, ки ҳамаашро фурӯшам. Дар деҳа ҳамин қадар кор дорем, то зиндагиро пеш барем,” – афзуд ӯ.

Хоҷагии “Абдухолиқ” – соҳиби ҳама чиз?

Тибқи иттилои додгоҳ, раиси ноҳия (Қаноатшо Лоиқзода) соли 2018 барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хоҷагии "Абдухолиқ" қарор баровардааст. Ин амал дар пайи муроҷиати Мойнисо Суфиева, мудири хоҷагии "Абдухолиқ" ва ҳамсари бародари Қаноатшо Лоиқзода, сурат гирифтааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин хоҷагии деҳқонӣ аз соли 2015 бештар аз 800 гектар замин дошта, қитъаҳои дигари заминҳои чарогоҳро дар ҳудуди зиёдтар аз ҳазор гектар барои истифодаи яукмрӣ соҳиб шудааст. Ин амал боиси эътирози баъзе аз сокинони маҳалла шуда, ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд, ки мушкили дастрасӣ ба чарогоҳро ҳал кунад.

Дар санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, шахсоне, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд, зиёда аз 190 кас ҳастанд. Барои бекор кардани қарори раиси пешини ноҳия раёсати ҳозираи ҳукумати Рашт ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Додгоҳ даъвои ҳукумати Раштро қисман қонеъ намуд ва қарори раиси собиқро бекор намуд.

“Ҳукми хуб, вале иҷро намешавад”

Тавре дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, “заминҳои дар соли 2015 ҷудошуда барои таъмини хӯроки чорвои хоҷагии "Абдухолиқ" кофӣ буда, барои васеъ намудани ҳудудҳои замини он асоси қонунӣ вуҷуд надорад.”

Додрас қарори раиси ноҳияро мухолиф ба қонунгузорӣ дар соҳаи тақсими замин дониста, таъкид кардааст, ки он ба теъдоди саршумори чорвои хоҷагӣ мутобиқат накарда, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон “дағалона вайрон шудааст.”

Аз қарори додгоҳ 5 моҳ мегузарад, вале ба гуфтаи сокини маҳаллӣ, Манзар Афғонов, мушкили чорводорон ҳалношуда монд. Ҷамолуддин Давлатов, ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Рашт, 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ҳукм баровард, вале ба сабаби онки хоҷагии деҳқонии “Абдухолиқ” хоҳони бозбинии он шуд, масъала ниҳоӣ нашудааст.

“Бародарам ғами халқу ватанро хӯрд, ки...”

Ҳуқуқшиноси ҳукумати Рашт, ки аз қазия огоҳ аст, вале посух надод, ки чаҳор сол пеш Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ҳукумат, чӣ гуна барои наздиконаш заминҳои чарогоҳро ҷудо кард ва он то куҷо қонунӣ буд? Идибек Лоиқов, бародари Қаноатшо Лоиқзода, мегӯяд, бародараш аз дилсузӣ нисбат ба мардуми маҳалла нахост, заминҳои ҳудуди ноҳия ба дигарон дода шавад. Вай мушаххасан нагуфт, кӣ ё киҳоро дар назар дорад.

“Бародари мо, ки ҳамин ҷо раис буд, дилаш ба халқу ватанаш сӯхт. Гуфт, заминро мегиранд, на ягон хуч чида метавонанд, на ягон дарза ҳезум гирифта метавонанд, на гову моли ҳамин халқ чарида метавонад. Мо заминро гирифтем, хоҷагии деҳқонӣ кардем, молу галаи асп ташкил кардем. 5 ҳазор моли майда дорем, то 700 сар чорвои калони мардумро мемонем бе пул чаронанд. Барои ҳар сар чорвои майда, масалан, барои 6 моҳи мавсими чаронидан 50-дирамӣ мегирифтем,” – гуфт ӯ.

Чанде аз сокинони маҳалла шикоят намуданд, ки хоҷагии "Абдухолиқ" бо гирифтани маблағи зиёд моли шахсони дигарро, ки чорвои зиёд доранд, роҳ медиҳанд, на аз онҳоро. Чорводорон мехоҳанд, ҳукми додгоҳ ҳар чӣ зудтар иҷро гардад ва чарогоҳҳо дигарбора ба ихтиёри мардум дода шавад.

“Ба чорвои бойҳо замин ҳаст, ба чорвои мардуми одӣ ҷой нест”

Рашт як ноҳияи кӯҳистонист ва сокинонаш бештар ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд. Мушкили дастрасӣ ба чарогоҳҳо танҳо хоси ин ноҳия набуда, соҳибони чорво дар минтақаҳои дигар низ шикоят мекунанд, ки барои чаронидани гову гӯсфандашон ҷой надоранд.

Собир Хаспалаев, сокини ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш, мегӯяд, “дар кӯҳсорҳои ноҳия, дар ҳар куҷое, ки моламонро барем, мегӯянд, заминҳои фалон вазир, раис ё генерал аст, молатро барор. Агар як сокини маҳалла 50-60 чорво дошта бошад, як мансабдор 2,5 ё 3 ҳазор чорво дорад, ки ҳама чарогоҳҳоро соҳиб шудаанд".

Чунин шикоятҳо аз тарафи чорводорони Суғду Хатлон ва Бадахшон низ садо додааст, вале дар аксар ҳолат сокинон нигаронӣ мекунанд, ки дар баҳсҳо дар баробари мақомдорон дасткӯтоҳанд.

Қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, ки дар кишвар 3,8 миллион гектар чарогоҳ аст, ки аз ин танҳо 2,8 миллионаш мавриди истифода қарор дорад ва боқимонда бо сабабҳои гуногун истифода намешаванд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 300 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд вуҷуд дорад. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳаҳо ва манбаи даромади оилаҳои зиёде аст.

XS
SM
MD
LG