Артиши Украина мегӯяд, як киштии дигари ҷангии Русияро дар Баҳри Сиёҳ ва дар наздии Ҷазираи Змейний ғарқ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, киштӣ дар натиҷаи зарбаи мушакӣ аз ҳавопаймои бесарнишини Байрақдор зери об рафтааст.
Серҳий Братсчук, сухангӯи артиши Украина дар саҳифааш дар Телеграм рӯзи 7-уми май гуфт: “Дар обҳои Баҳри Сиёҳ, киштии душман аз навъи Серна нобуд карда шуд.” Вазорати дифои Украина ҳамчунин хабар дод, ки Байрақдори мусаллаҳ системаи дифои мушакӣ дар Ҷазираи Змейнийро, ки таҳти назорати Русия аст, вайрон кардааст.
Вазорат дар саҳифааш дар Твиттер як видеоеро нашр кард, ки ба гуфтаи он киштии дар ҳоли ғарқ шуданро нишон медиҳад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз тарафи манобеи мустақил ғайриимкон аст ва маълум ҳам нест, ки чунин ҳодисае кай шудааст. Низомиёни Русия ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.