Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркманистон манъи сафари занҳоро ба хориҷа баррасӣ дорад


Фурудгоҳи байнулмилалии Ишқобод
Фурудгоҳи байнулмилалии Ишқобод

Манобеъ аз Туркманистон мегӯянд, ҳукумати ин кишвар масъалаи манъи сафари занҳоро ба хориҷа ба баррасӣ гирифтааст.

"Тасмими қатъӣ дар бораи манъи пурра сафари занон ба хориҷ қабул нашудааст. Масъалаи мазкур дар сатҳи президент ба таври ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бино ба нақшаи пешакӣ, шиносномаҳои хориҷии ҳамаи занҳоро мусодира мекунанд. Танҳо занҳое ҳаққи ба хориҷ рафтан доранд, ки комиссияи махсус иҷозаи табобат гирифтан дар хориҷро ба онҳо медиҳад. Ҳамчунин занҳое метавонанд аз Туркманистон берун шаванд, ки аз шаҳрвандии ин кишвар даст кашидаанд", - гуфтааст манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ин маҳдудият ба духтароне ҳам дахл дорад, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии хориҷиро доранд.

Ба иттилои манбаъ, сабаби чунин тасмим дар он будааст, ки роҳбарони Туркманистон бовар доранд, занҳо дар хориҷ "ба нуфузи кишвар зиён мерасонанд".

XS
SM
MD
LG