Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Приднестр аз тирпарронӣ дар марз бо Украина хабар дод


Минтақаи Приднестри рӯ ба Русия дар Молдова
Минтақаи Приднестри рӯ ба Русия дар Молдова

Як шабакаи телевизионӣ дар Приднестр, минтақаи ҷудоихоҳи Молдова, хабар додааст, ки дар марз бо Украина тирпарронӣ шуд.

Ин хабар рӯзи 5-уми май нашр шуд. Приднестр, як минтақаи рӯ ба Русия аст ва тасдиқи дурустии хабар дар ин минтақа душвор аст.

Шабакаи “TSV” дар шабакаи Телеграм бо такя ба як манбаъ дар мақомоти амниятии Преднестр гуфтааст, тирпарронӣ дар гузаргоҳи марзии ин минтақа бо Украина рух додааст. Онҳо шарҳ надодаанд, ки тирпаррониро кӣ анҷом дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳанӯз аз самти Украина тирпарронӣ идома дорад.

Дар аксу наворҳое, ки аз марзи Приднестр бо Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, дида мешавад, дар наздикии гузаргоҳи марзӣ сад(д) ё блокҳои бузурги бетонӣ гузоштаанд. Чунин монеаҳо маъмулан ба хотири пешгирӣ аз ҳаракати техникаҳои низомӣ дар назар аст.

Дар гузашта мақомоти Украина гуфта буданд, ки нерӯҳои русӣ аз ҳудуди Прединестр ба ҳамла омода мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, Русия мехоҳад, бо ғасби бахше аз Украина роҳ ба Прединестрро кушояд ва ин минтақаро зери назорати худ дарорад.

XS
SM
MD
LG