Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти сафари "заминӣ"-и қирғизистониҳо ба Русия бекор мешавад


Русия аз 16-уми май маҳдудияти сафари «заминӣ»-и шаҳрвандони Қирғизистонро ба қаламрави худ бекор мекунад.

Ба огаҳии Девони вазирони Қирғизистон, ҳукумати Русия дар ин бора бо назардошти муътадил шудани вазъи беҳдоштӣ ё эпидемиологӣ қарор қабул кардааст.

Масъалаи бекор кардани маҳдудияти сафари қирғизистониҳо ба Русия аз роҳи заминӣ дар ҷаласаи ахири кумисюнҳои байниҳукуматии ду кишвар баррасӣ шуда буд.

Ҳамчунин маҳдудияти сафари русиягиҳо ба Қирғизистон бекор хоҳад шуд.

Русия сафари шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави худ аз роҳи заминӣ соли 2020 ба далели пандемияи коронавируси нав маҳдуд карда буд.

XS
SM
MD
LG