Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии коргарони кони тиллои Иштамбердии Қирғизистон


Кони тиллои Иштамбердӣ дар Қирғизистон.
Кони тиллои Иштамбердӣ дар Қирғизистон.

Дар кони тиллои Иштамбердии Қирғизистон коргарон аз 30-юми апрел то кунун корпартоӣ доранд. Дар ин бора раиси Иттифоқи коргарони куҳиву металлургии Қирғизистон Элдар Тоҷибоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки ба истихроҷи тилло дар кони Иштамбердӣ машғул аст, маоши коргаронро наафзуд ва корпартоӣ баъди он шуруъ шуд.

Тоҷибоев мегӯяд, коргарон афзоиши 50% маош, беҳтарсозии сифати ғизо ва сари вақт пардохт шудани маошро талаб доранд. "Ширкат афзоиши 10% маошро пешниҳод дорад, аммо коргарон маоши бештар мехоҳанд", - афзуд Тоҷибоев.

Дар маҷмуъ 300 коргари кон корпартоӣ эълом кардаанд. Ширкати "Фулл Голд Майнинг" то ин замон корпартоиро шарҳ надодааст.

Дар соли 2018 ин ширкат якбора 370 коргарро аз кор озод карда буд. Он замон ҳам коргарон аз шароити нави корӣ эътироз доштанд. Дар натиҷаи гуфтугӯҳои дуҷониба коргарон дубора ба кор қабул шуда буданд.

"Фулл Голд Майнинг" аз соли 2011 кони тилои Иштамбердиро истихроҷ мекунад. Ин кон наздики 80 тона тилло дорад. Баъд аз кони тиллои Қумтор ва Ҷеруяи Қирғизистон, Иштамбердӣ дар мақоми севум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG