Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбек Ҳумоюн Умрзақов пеш аз муҳлат озод шуд


Блогер аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Ҳумоюн Умрзақов, ки моҳи сентябри соли гузашта бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти дуруғ зиндонӣ шуда буд, 17 апрел пеш аз муҳлат озод шуд.

Умрзақови 23-сола гуфт, дар маҳбаси низомаш сахт, дар шаҳри Навоии Узбекистон ҳамроҳи блогери машҳури узбек Отабек Сатторӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Ҳумоюн Умрзақов бо интиқодҳояш аз фаъолияти кормандони умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Қашқадарё машҳур буд. Додгоҳ ӯро моҳи сентябри соли гузашта дар паҳн кардани маълумоти дуруғ айбдор ва 1 сол зиндонӣ кард.

Ба гуфтаи мақомот, гӯиё ба пулис занг зада, "фиреб кардааст", ки мошинашро дуздидаанд. Худи Умрзақов дар додгоҳ иттиҳоми эъломшуда алайҳашро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG