Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамла ба "Азовстал"-ро дубора оғоз кард


Аз дохили корхонаи "Азовстал" дуд берун мешавад.
Аз дохили корхонаи "Азовстал" дуд берун мешавад.

Низомиёни Русия рӯзи 4-уми май ҳамла ба корхонаи "Азовстал" дар шаҳри Мариуполи Украинаро дубора оғоз карданд.

Амалиёти ҳамла ба ин корхона рӯзи 21-уми апрел бо дастури Владимиир Путин, президенти Русия қатъ шуда буд. "Азовстал" охирин сангари низомиёни қисми ҳарбии "Азов" ва нерӯҳои баҳрии Украина аст, ки дар Мариупол ба низомиёни рус муқовимат мекунанд.

Святослава Паламара, муовини қисми низомии "Азов", ба нашрияи "Украинская правда" гуфтааст, ки онҳо талош доранд, сангарҳои мудофиавиро шикананд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ҳамлаи имрӯз ду зан кушта шудааст.

Хабаргузориҳои украинии “УНИАН” навиштааст, ки низомиёни рус корхонаро бомбаборон карданд ва сӯхтори бузурге рух додааст, ки дудаш аз дур дида мешавад.

Нашрияи русии "Известия" видеое нашр кардааст, ки дар он садои тирпарронӣ шунида мешавад.

Ин нашрия, бо такя ба Вазорати дифои Русия, навиштааст, ки амалиёт барои нобуд кардани мавқеи оташкушоии низомиёни "Азов" роҳандозӣ шудааст. Ба иддаои мақомоти рус, гуё низомиёни "Азов" созиш дар бораи оташбасро нақз кардаанд.

"Онҳо аз таҳхона берун шуда, дар атроф ва биноҳои корхона мавқеъ барои тирпарронӣ гирифтанд. Ҳоло артиши Русия ва артиши "ДНР" бо истифода аз тупхона ва ҳавопаймо мавқеи онҳоро безарар мекунанд", – гуфтааст Вадим Астафева, масъули дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия.

Корхонаи "Азовстал" дар Мариупол, ки дар муҳосираи нерӯҳои Русия қарор дорад, охирин қароргоҳи мудофеони ин шаҳр аст. Дар инҷо нерӯҳои баҳрии Украина ва низомиёни қисми ҳарбии "Азов" муқобилият мекунанд. Ҳудуди корхона пурра бомбаборон шудааст.

Қаблан Владимиир Путин, президенти Русия гуфта буд, ки ҳамла ба корхонаи "Азовстал"-ро қатъ кунанд, вале нагузоранд, ки "пашшае аз он берун шавад."

Рӯзи 30-уми апрел бо миёнаравии СММ берун кардани занону кӯдакон аз таҳхонаҳои ин корхона оғоз шуд. Даҳҳо нафар аз онҷо берун шуданд ва ҳоло гуфта мешавад, ки ҳанӯз садҳо нафар ғайринизомӣ онҷо қарор доранд.

Мақомоти Русия шумораи низомиёне, ки онҷо муқобилият нишон медиҳанд, ҳудуди 2000 нафар ҳисоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG