Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз корхонае, ки Путин гуфт, "магасе набарояд", 46 кас берун шуданд


Зану кӯдаконе, ки тоза аз Мариупол берун шудаанд.
Зану кӯдаконе, ки тоза аз Мариупол берун шудаанд.

Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 1-уми май берун шудани 46 ғайринизомӣ аз корхонаи "Азовсталь" дар Мариуполро тасдиқ кардааст.

Як намояндаи СММ ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки ҷониби Украина ва Русия розӣ шудаанд, ки коридоре амне барои берун шудани ғайринизомиён боз кунанд. Ӯ гуфтааст, корвони автобусҳо аз 230 километр дуртар вориди Мариупол шуданд ва аввалин ғайринизомиёнро аз корхонаи муҳосирашуда берун карданд. Намояндаи СММ гуфтааст, бахотири бехатарии шаҳрвандон ҷузъиёти бештаре намедиҳад.

Вазорати мудофиаи Русия низ рӯзи 1-уми май хабар додааст, ки аз корхонаи "Азовсталь" 25 нафар субҳ ва 21 нафар шом, дар умум 46 нафар, берун шудаанд.

Аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд, ки наздик ба ду моҳ дар таҳхонаҳои ин корхона аз ҳамлаҳои Русия пинҳон шуда буданд.

Аз ин пеш, Святослав Паламар, муовини фармондеҳи низомиёни "Азов" дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, барои берун шудани ғайринизомиён "оташбас" эълон шудааст ва беш аз 20 нафар аз корхона берун шудаанд.

"Азовсталь", охирин сангари воҳиди низомии "Азов" аст, ки сарсахтона муқобили ишғоли Русия муқобилият мекунанд.

Рӯзи 21-уми апрел, Владимир Путин, президенти Русия амр дод, ки ба ин корхона ҳамла набаранд, вале онро тавре муҳосира кунанд, ки “магасе аз он гузашта натавонад.”

Мақомоти Русия мегӯянд, дар дохили он 2000 размандагони Украина сангар гирифтаанд.

Низомиёни "Азов" борҳо пешниҳоди Русия барои таслим шуданро рад карданд. Онҳо дар таҳхонаҳои зеризаминие ҷой гирифтаанд, ки Русия ба осонӣ наметавонад вориди он шавад.

Ин воҳиди низомиро русҳо "ифротӣ" меноманд, вале дар Украина амали онҳоро қаҳрамонӣ барои дифоъ аз ватаншон ҳисоб мекунанд.

Пас аз ду ҳафтаи муҳосираи комили корхонаи "Азовсталь" тоза 46 нафар аз онҷо берун шуд. Шумораи ғайринизомиёнро дар таҳхонаҳои корхона садҳо нафар мегӯянд. Ҳоло маълум нест, чӣ теъдоди дигаре аз онҳо аз онҷо берун мешаванд ва то кай нерӯҳои "Азов" тавони муқобилият доранд.

XS
SM
MD
LG