Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина пешниҳод кард, дар Мариупол "оташбаси воқеии Пасха" эълом шавад


Сокинони Мариупол.
Сокинони Мариупол.

Украина дар рӯзи ҷашни “Пасха” ё Иди поки православҳои он кишвар бори дигар ба Русия пешниҳод кард, ки барои берун бурдани сокинон аз Мариупол ва корхонаи "Азовстал" оташбаси воқеӣ эълом карда шавад.

Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Михаил Подоляк дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "барои ин ҳамагӣ се “қадами мариуполӣ” лозим аст: оташбаси воқеии Пасха дар Мариупол эълон карда, фавран барои мардуми осоишта як долони башардӯстона дода шавад ва ба даври навбатии гуфтугӯ розӣ шавем".

Пешниҳоди гуфтугӯ дар бораи вазъ дар Мариупол пештар низ аз сӯи Украина садо дода буд. Вале Русия ба он посух надод. Талошҳо барои ташкили долони башардӯстона ба он минтақа низ бенатиҷа анҷом ёфт.

Президенти Русия Владимир Путин ҳамла ба минтақаи саноатии корхонаи "Азовстал"-ро дар Мариуполи Украина номуносиб номида, онро манъ кардааст.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, гӯё барои тасарруфи пурраи корхона 3 ё 4 рӯзи дигар лозим аст.

Ишғоли Мариупол имкон медиҳад, ки минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав бо роҳи заминӣ бо нимҷазираи Қрим бипайванданд.

Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ишғол намудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки барои муқовимат алайҳи нерӯҳои таҷовузгар ба Украина силоҳи вазнин фиристода, ба зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG