Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ид муллоҳои туркман дар масҷидҳо китоби нави Бердимуҳаммадовро қироат карданд


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон.

Дар Туркманистон дар рӯзи Иди Рамазон муллоҳо дар минбари масҷидҳо китоби нави президенти пешини он кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов "Маънии ҳаёти ман"-ро қироат карданд.

Навори қироати китоби нави Бердимуҳаммадов дар масҷидҳои Туркманистонро дар телевизионҳои он кишвар нишон доданд.

"Маънии ҳаёти ман"-ро писари Қурбонқулӣ - Сардор Бердимуҳаммадов, президенти нави Туркманистон рӯзи 29 апрел муаррифӣ кард.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки рӯзи 27 март курсии президентиро ба писараш супорид, аз президенти нав дархост кард, ки ӯро аз 1 апрел ба рухсатии меҳнатӣ фиристад. Бердимуҳаммадови калонӣ гуфта буд, дар рухсатии меҳнатиаш таълифи китоби навро ба поён хоҳад расонд.

То ин замон Бердимуҳаммадов муаллифи бештар аз 60 китоб унвон шудааст. Китобҳои вай дар мавзуҳои гуногун таълиф ва нашр шудаанд. Ин сиёсатмадор дар бораи идораи давлатӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, растаниҳои табобатӣ, асппарвариву сагпарварӣ китоб навиштааст. Китобҳои ӯро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз бар мекунанд, дар пахшҳои мустақими расонаҳои давлатӣ қироат менамоянд ва дар асоси онҳо дарси сиҳатӣ ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG