Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи "пешво"-ро аз кор рондаанд


Идораи зидди коррупусия дар Қазоқистон
Идораи зидди коррупусия дар Қазоқистон

Оҷонси мубориза ба зидди фасоди Қазоқистон мегӯяд, Ербол Назарбоев, ки расонаҳо ӯро писари Болат Назарбоев, бародари президенти пешини ин кишвар меноманд, аз мақомаш дар ин ниҳод барканор карда шудааст.

"Назарбоев Е. 26-уми январи имсол бо фармони раиси Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон аз мақоми муовини сардори департаменти махсуси оҷонс сабукдӯш шудааст", - омадааст дар иттилияи расмӣ.

Ин ниҳод ҳамчунин хабар дода, ки Ербол Назарбоев 14-уми апрел аз мақомоти зидди фасоди Қазоқистон пурра берун карда шудааст.

Ербол Назарбоев моҳи ноябри соли 2020 муовини сардори департаменти махсуси оҷонси мазкур таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG