Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мегӯяд, дар як рӯз 11500 нафар аз Украина ба Русия мунтақил шудаанд


Украина. Акс аз бойгонӣ.
Украина. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки рӯзи душанбе беш аз 11 ҳазору 500 нафар, аз ҷумла, 1847 кӯдак бе ҳамоҳангӣ бо мақомоти Киев, аз Украина ба Русия интиқол ёфтанд.

Ин омор ҳамчунин касонеро дар бар мегирад, ки дар Донетск ва Луганск зиндагӣ мекунанд. Русия истиқлоли ин минтақаро бо вуҷуди мухолифати ҷомеаи ба расмият шинохтааст.

Маскав мешӯяд, ин афрод бо дархости худашон ба Русия мунтақил шудаанд. Аммо Украина таъкид дорад, ки Маскав аз оғози ҷанг то кунун ҳазорон нафаро ба зӯр ба Русия бурдааст.

Тибқи омори Вазорати дифои Русия, аз оғози ҷанг дар рӯзи 24-уми феврал то кунун ҳудуди 200 ҳазор кӯдак ва 1,1 миллион нафар аз Украина ба Русия интиқол ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG