Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, Русия дигарбора ба "Азовстал" ҳамла кард


Гуруҳе аз ғайринизомиёни раҳошуда аз Мариупол
Гуруҳе аз ғайринизомиёни раҳошуда аз Мариупол

Қарор аст, тақрибан 100 украинӣ, ки аз шаҳри Мариупол берун карда шуданд, рӯзи 2-уми май ба шаҳри ҷанубушарқии Запорожйе ворид гарданд, вале айни замон садҳо нафари дигар дар таҳхонаҳои корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар як баёнияе дар Твиттер гуфт: “Аҳсан ба тими мо. Онҳо ҳамроҳ бо Созмони Милал барои берун овардани дигар ғайринизомиён аз корхона талош доранд.” Раиси Мариупол гуфт, теъдоди зиёдтари автобусҳо ғайринизомиёни дигарро аз ин шаҳри вайроншуда берун овардаанд, вале афзуд, ки онҳо аз ҷумлаи ғайринизомиёни бандмонда дар “Азовстал” набудаанд. Ӯ гуфт, баъди тарки автобусҳо, неруҳои Русия ҳамла ба “Азовстал”-ро аз сар гирифтанд.

Шаҳри аз назари мавқеи ҷуғрофӣ стратегии Мариупол дар наздикии нимҷазираи Қрим, ки Русия онро соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард, зери бомборони сахт монда, ба як вайрона табдил шуд. Аҳолии он 400 000 нафарро ташкил медод. Дар рӯзҳои аввали таҷовуз, як таваллудхона ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Русия қарор гирифт ва дар натиҷаи бомборони як театр садҳо нафар ҷон доданд.

Шояд то 100 000 нафари дигар дар Мариупол монда бошанд, ба шумули 2000 размандагони украинӣ, ки зери нақбҳои “Азовстал” пинҳон шудаанд. Ҳаминҷо ягона ҷойи Мариупол аст, ки неруҳои Русия натавонистаанд, ишғол кунанд. Фармондеҳони “Азовстал” рӯзи 30-уми апрел бо нашри видеое гуфтанд, ки обу ғизо ва дигар маводи заруриашон тамом шудааст ва хостанд, ки ба онҳо кумак расонанд.

Талафоти зиёди неруҳои пешсафи Русия?

Дар дигар тарафи ҷабҳа ба гуфтаи Хадамоти Ҷосусии Бритониё, неруҳои пешсафи Русия ба ҳадде талафот додаанд, ки барои пурра кардани сафи онҳо солҳо зарур мешавад. Ба гуфтаи онҳо, 25 дар сади неруҳои Русия аз замони оғози ҷанг аз кор афтодаанд.

Вазорати дифои Бритониё дар хабарномаи ҳаррӯзаи худ навиштааст, аз оғози ҳамла ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал, Русия 120 баталиён ва ё 65 дар сади неруҳои заминии худро сафарбар карда буд ва “зоҳиран бештар аз чаҳоряки ин неруҳо аз назари ҷангӣ аз кор афтодаанд. Ба қавли вазорати дифои Бритониё, бахусус неруҳои беҳтарин аз ҷумла неруҳои ҳавоӣ талафоти аз ҳама зиёдро додаанд. Дар хабарнома омадааст: “Шояд барои такмил кардани ин неруҳо ба Русия солҳо лозим шавад.”

Аз тарафи дигар ҳукумати Украина эълон кард, чаҳор бандари асосии кишварро, ки ба дасти неруҳои Русия гузаштанд, муваққатан мебандад. Вазорати кишоварзии Украина рӯзи 2-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки бандарҳои Бердянск, Мариупол, Скадовск ва Херсон “то замони ба дасти Украина баргаштан” баста мемонанд.

Сафари мақомоти Амрико ба Киев

Қарор аст, Ҷилл Байден, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрико аз рӯзҳои 5 то 9-уми май ба Руминия ва Словакия сафар карда бо сарбозон, кормандони сафоратҳои Амрико, паноҳҷӯёни украинӣ, маъмурони имдодӣ, омӯзгорон мулоқот кунад.

Руминия ва Словакия, ки узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ҳастанд, садҳо ҳазор паноҳҷӯи фирорӣ аз ҷанги Украинаро қабул кардаанд. Комиссариати Олии Созмони Милал дар Умури Паноҳандагон рӯзи 2-уми май гузориш дод, ки аз замони оғози ҷанг дар рӯзи 24-уми феврал бештар аз 5.5 миллион нафар аз Украина гурехтаанд.

Рӯзи 30-уми апрел Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ғайримунтазира ба Киев омад ва бо раиси ҷумҳур Владимир Зеленский мулоқот кард. Ӯ ба Зеленский гуфт: “Мо ба инҷо омадем, то ба шумо барои муборизаатон барои озодӣ ташаккур бигӯем. Мо дар ҷабҳаи озодӣ ҳастем ва муборизаи шумо барои ҳама аст. Аҳди мо ин аст, ки мо то поёни мубориза дар канори шумо ҳастем.” Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта аз Конгресс хост, ки бастаи 33 миллиардолларии кумак ба Украинаро тасдиқ кунад.

Баёнияи ҷанҷолии Лавров дар бораи Зеленский, яҳудиён ва Гитлер


Дар ҷабҳаи дипломатӣ вазорати умури хориҷии Исроил, сафири Русия дар кишварро ба вазорат хонда, аз Маскав хостааст, барои баёнияи Сергей Лавров дар бораи решаҳои яҳудӣ доштани Адолф Гитлер узр пурсад.

Лавров дар як мусоҳиба бо телевизиони Итолиё дар рӯзи 1-уми май дар посух ба ин ки чигуна Русия метавонад, кишвареро, ки раҳбараш яҳудӣ аст, аз “фашистон пок созад” иддао кард, ки худи Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ доштааст.

Сергей Лавров дар мусоҳиба бо телевизиони Rete 4 гуфт: “Ӯ (Зеленский) ваҷҳ меорад, ки ӯ яҳудӣ аст ва чӣ гуна мо фашизм дорем. Шояд хато кунам, вале Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ дошт. Ин ҳеч аҳамият надорад. Мардуми хирадманди яҳудӣ мегӯяд, сарсахттарин яҳудиситезон, маъмулан яҳудиён ҳастанд.”

Йаир Лапид, вазири умури хориҷии Исроил гуфт, ки сафири Русияро барои як “гуфтугуи сахт” даъват мекунанд ва ин баёнияи Сергей Лавровро “нобахшиданӣ, расво ва хатои таърихии ваҳшатнок” номид. Ӯ гуфт: “Яҳудиён якдигарро дар замони Ҳолокост накуштаанд. Бадтарин яҳудиситезӣ ин муттаҳам кардани яҳудиён ба яҳудиситезӣ аст.”

Дани Даян, раиси созмони Яд Вашем, ки ёди 6 миллион яҳудии қатли ом шуда дар Ҳолокостро гиромӣ медорад, баёнияи Сергей Лавровро “таҳқир ва зарбаи сахте ба қурбониёни фашизми ҳақиқӣ номид.” Ӯ дар гуфтугуе бо як радиои Исроил гуфт, Сергей Лавров “бе ягон далели воқеӣ ба паҳн кардани дасиса ба зидди яҳудиён” машғул шудааст.

XS
SM
MD
LG