Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорон дар Эрон бо талаби музди кори беҳтар эътироз карданд


Гирдиҳамоии омӯзгорони эронӣ
Гирдиҳамоии омӯзгорони эронӣ

Омӯзгорони эронӣ дар чанде аз шаҳрҳои кишвар бо талаби шароити беҳтари кор ва раҳоии чанде аз ҳамкоронашон эътироз карданд. Тазоҳурот рӯзи 1-уми май, ки дар Эрон Рӯзи омӯзгорон низ ҳаст, сурат гирифт.

Дар остонаи эътирозҳо Иттиҳодияи Кории Омӯзгорони Эрон гуфт, ки мақомоти интизомӣ чаҳор фаъоли онҳоро рӯзи 30-уми апрел дар Теҳрон дастгир кардаанд. Бино ба гузоришҳо, се нафари дигар дар шаҳри Маривон боздошт шудаанд ва теъдоди дигареро дар шаҳрҳои дигари Эрон барои бозпурсӣ даъват кардаанд.

Намоишҳои эътирозии омӯзгорон дар бештар аз 10 шаҳр аз ҷумла Шероз, Арок, Кирмоншоҳ, Санандаҷ баргузор шуд ва омӯзгорон аз мақомот мехостанд, ки шароити кори онҳоро беҳтар кунанду, ҳамкорони зиндониашонро раҳо намоянд.

Бино ба гузоришҳо, маъмурони пулис дар шаҳри Бушеҳр ба зидди тазоҳургарон аз зӯр истифода бурда, 6 омӯзгорро дастгир кардаанд. Муаллимони эронӣ чанд дафъа аст, ки дар моҳҳои гузашта бо талаби боло бурдани музди кору беҳтар кардани шароити корӣ эътироз кардаанд.

XS
SM
MD
LG