Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Деворро болои кафшергар чаппа кард". Додгоҳи Фирдавсӣ як муҳандисро ҷазо дод


Бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як муҳандиси Идораи обро, ки аз беэҳтиётиаш деворро болои кафшергар чаппа кардааст, ҷазо додааст.

Дар хабарномае додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, ки Маҳмуд Ҷураеви 50-сола дар “вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат” гунаҳкор шудааст. Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ рӯзи 24-уми сентябри соли 2021 ҳангоми корҳои барқарсозӣ, беэҳтиётӣ карда, девори баландиаш як метру 20 сантиметрро болои Файзуллои Розиқзода, ки онҷо кафшергарӣ мекард, чаппа кардааст. Кафшергар маъюб шудааст.

Назари кафшергар ва Маҳмуд Ҷураев ба ин ҳодиса маълум нест.

Бо қарори додгоҳ, Ҷураев як сол ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шудааст ва 20 дар сади маошашро низ ба фоидаи давлат меситонанд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2020 аз беэҳтиётӣ дар маҳалли сохтмонҳо 8 нафар ҷон бохта, 33 кас захмӣ шудаанд.

Мақомот ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт медиҳанд. Аммо наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷуҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба бештар сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG