Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская гуфт, ба фаъолони Беларус чӣ ёрӣ мекунанд


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида дар назар дорад, ёриҳои техникиро ба хабарнигорон ва фаъолоне, ки дар Беларус кор мекунанд, афзоиш бидиҳад.

Ӯ дар ин бора баъди мулоқот бо котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен, мақомоти дигари баландпоя ва қонунгузорон дар Вашингтон иброз дошт.

Тихановская гуфт, ба пуштибонии ҳамаҷониба аз ҳаракати демократии Беларус бовар дорад. Вай афзуд, ӯву мансабдорони Амрико дар бораи “таъмини рӯзноманигорон ва фаъолони беларусӣ бо таҷҳизот” ва роҳҳои аз байн бурдани “маълумоти бардурӯғе, ки режими Александр Лукашенко паҳн мекунад”, гап заданд.

Светлана Тихановская, ки ба бовари ҳукуматҳои ғарбӣ ва мухолифони Беларус, барандаи воқеии интихоботи соли 2020 аст, рӯзи 29-уми апрел бо раиси Маҷлиси Намояндагони Нэнси Пелосӣ ва чанд сенатори Амрико низ мулоқот дошт.

XS
SM
MD
LG