Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қосимҷомарт Тоқаев хоҳони баргузории раъйпурсӣ шуд


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 29-уми апрел дар ҷаласаи Ассамблеи халқҳои Қазоқистон барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи он кишвар раъйпурсӣ пешниҳод кард.

Тоқаев дар суханрониаш гуфт, раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия дар он кишвар бори охир соли 1995 баргузор шудааст.

"Аммо аз он сол то кунун Конститутсияи Қазоқистон чаҳор бор тағйир дода шуд. Бовар дорам, ки тағйирот ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ иродаи халқро ба намоиш хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев.

Дар 27 соли мавҷудияти Конститутсия Қазоқистон ба он панҷ маротиба тағйирот ворид ва бештар аз 60 моддаи он дигар карда шудааст.

Тоқаев ҳанӯз 16-уми марти имсол дар бораи зарурати тағйирот ба Конститутсия суҳабт карда буд. Интизор меравад, ба 33 моддаи Қонуни асосии он кишвар 56 тағйиру илова ворид карда шавад.

Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои ин раъйпурсӣ аз пеш маълум ҳастанд. Мунаққидон бовар доранд, ки пешниҳодҳои Тоқаев барои тағйиру иловаҳо хосияти ороишӣ доранд ва табиати низоми худкомаро тағйир нахоҳанд дод.

Гуруҳи корие, ки тағйирот ба Қонуни асосии он кишварро таҳия дорад, рӯзи 25 апрел тағйиру иловаҳои мавриди назарро нашр кард. Аз ҷумла, бар асоси ин тағйирот, барқарории Додгоҳи конститутсионӣ дар назар аст, ки соли 1995 бекор шуда буд; узви ҳизб будани президент манъ хоҳад шуд ва пайвандони вай аз ишғоли мансабҳои сиёсӣ ё роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум хоҳанд гардид; тағйирот ҳамчунин ба фаъолияти порлумон ва низоми интихоботӣ низ дахл мекунад. Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда мақоми "асосгузори Қазоқистони мустақил" ҳифз мешавад. Ҳифз шудани ин мақом интиқодҳоеро дар Қазоқистон ба бор овардааст.

Бисёре аз сокинони Қазоқистон ба ҳифзи президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев ҳамчун асосгузори Қазоқистон мустақил зид ҳастанд.

XS
SM
MD
LG