Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия Зеленскийро ба нишасти сарони G20 хонд


Владимир Зеленский. Акс аз 28-уми апрели 2022
Владимир Зеленский. Акс аз 28-уми апрели 2022

Владимир Зеленский, президенти Украина, аз тарафи Индонезия барои иштирок дар нишасти сарони Гуруҳи 20 (G20) даъват шудааст.

Нишаст дар моҳи ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Индонезия рӯзи 29-уми апрел гуфт, ҳамтои украинии худро ба нишасте, ки дар он раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ширкат мекунад, даъват кардааст.

Путин иштирок дар ин нишастро пазируфта, аммо дафтари президенти Украина то ин дам чизе нагуфтааст.

Аксар аъзои G20, бист кишвари саноатии ҷаҳон, ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум кардаанд, аммо Индонезия то кунун дар ин маврид бетараф мондааст.

XS
SM
MD
LG