Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Твиттер"-ро дар Маскав 3 миллион рубл ҷарима бастанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Маскав "Твиттер"-ро барои пок накардани матлабе, ки ҳукумати Русия ғайриқонунӣ медонад, ҷарима баст.

Додгоҳи ноҳияи Таганский рӯзи 28-уми апрел гуфт, Твиттер бояд 3 миллион рубл (40 ҳазор доллар) бипардозад.

Мақомоти Русия мегӯянд, ин мавод дар бораи чӣ гуна сохтани коктейли Молотов буда, ҳамзамон Русия, суруди миллӣ ва парчами онро таҳқир мекард.

Ду рӯз пеш ҳамин додгоҳ Meta Platforms-ро 4 миллион рубл ва TikTokро барои пок накардани матлаби вобаста ба ҳамҷинсгароён 2 миллион рубл ҷарима карда буд.

Баррасии додгоҳӣ бо дархости "Роскомнадзор", танзимгари фаъолияти расонаҳо дар Русия, гирифта шудааст.

Ин ниҳод аз 24-уми феврали имсол, пас аз ҷанги Русия дар Украина, фишор болои расонаҳоро дар саросари ин кишвар афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG