Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал, барои гуфтугӯ бо раҳбарияти Украина дар Киев қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Украина ҳушдор додааст, ки барои мудофеони украинӣ "ҳафтаҳои ниҳоят сахт" дар пешанд. Русия ба ҳамлаи густурдааш дар шарқи ин кишвар идома медиҳад.
Гутерреш рӯзи 27-уми апрел, баъди мулоқот бо раисҷумҳури Русия, ба Киев рафт. Вай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Твиттер навишт: "Мо ба расондани ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои даргирӣ идома хоҳем дод."
Вазорати мудофиаи Бритониё субҳи 28-уми апрел ҳушдор дод, ки нерӯҳои Русия дар Баҳри Сиёҳ тавони зарба задан ба Украина ва шаҳрҳои соҳилиро доранд.
Вазорат дар Твиттер гуфт, бо вуҷуди аз даст додани "Саратов" ва "Москва", Русия то ҳол дар Баҳри Сиёҳ ҳудуди 20 киштӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобӣ дорад.
Айни замон ба иттилоияи Вазорати мудофиаи Бритониё, Русия муваққатан наметавонад киштиҳои аздастдодаи худро иваз кунад, зеро гулӯгоҳи Босфори Туркия, ки Баҳри Сиёҳро бо Баҳри Мармара ва Баҳри Миёназамин мепайвандад, "барои киштиҳои ҷангии ғайритуркӣ баста мемонад".