Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Русия хост, амнияти сокинони Мариуполро таъмин кунад


25-уми апрел дуди ғализе аз корхонаи "Азовстал" ба осмон печид
25-уми апрел дуди ғализе аз корхонаи "Азовстал" ба осмон печид

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар аз нерӯҳои Русия, ки ҳоло аксар қаламравҳои шаҳри бандарии Мариуполро назорат мекунанд, тақозо кард, ба мардуми дар муҳосирамонда иҷоза диҳанд, ба қаламрави зери назари Украина раванд.

Шаҳри Мариупол, ки аз 2-юми март ба ин сӯ мавриди ҳамлаву муҳосираи русҳо қарор гирифтааст, осеби хеле зиёд дида, ҳазорҳо сокинаш кушта шудаанд.

Тахминан 2 ҳазор низомии украинӣ, ки дар корхонаи "Азовстал" камин гирифтаанд, ба истодагарии худ идома медиҳанд.

Дар ин корхона инчунин тахминан 1 ҳазор ғайринизомӣ паноҳ ёфтаанд.

HRW дар изҳороте рӯзи 26-уми апрел гуфт, “русҳо ҳоло аксар қаламравҳои шаҳри соҳилии Мариуполро ишғол кардаанд. Онҳо бояд амнияти ба минтақаҳои зери назари Украина рафтани шаҳрвандонро таъмин кунанд, агар онҳо дар фикри рафтан бошанд."

Дидбони Ҳуқуқи Башар, инчунин, аз дабири кулли СММ Антонио Гутерреш тақозо кард, ки дар сафараш ба Маскав масъулияти русҳоро дар баробари сарнавишти сокинони мулкӣ матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG