Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯйи об дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хушкид. Чаро? ВИДЕО


Сокини Исфара чоҳи обро нишон медиҳад.

Як гуруҳ аз сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки қариб як моҳ боз, Қирғизистони интиқоли оби нӯшокиро барои онҳо қатъ кардааст.

Чунин шикоятҳо аз номи сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ расидааст. Мақомоти қирғиз дар ин робита чизе нагуфтаанд. Мақомоти тоҷик камбуди обро эътироф карда, мегӯянд, барои ҳалли он бо ҳамтоёни қирғизашон гуфтугӯ доранд.

Ҷӯйе, ки моҳе боз хушкидааст

Ҷӯйе, ки тариқи он аз деҳаи Куктоши Қирғизистон ба Чоркӯҳи Тоҷикистон об меояд, як моҳ аст, ки хушкидааст. Ин ҳолат сокинони чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳро дар вазъи душвор гузоштааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чаро дигар ба Чоркӯҳ об намеояд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Басирҷон Зарифов, имомхатиби маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркуҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои гузашта ҳам мушкили об буд, аммо имсол сахттар шуд. “Ҳар сол моҳҳои апрел-май об хушк мешуд, аммо ҳар ҳафта якбор омада меистод. Аммо имсол Қирғизистон дар ҷӯй садд гузоштааст. Як моҳ шуд, маҳалла оби нӯшокӣ надорад. Онҳое, ки дар ҳавилашон ҳавз доранд, аз он истифода мебаранд. Агар оби ҳавзҳо ҳам тамом шавад, намедонам аз куҷо об меёбем. Об нашавад, зироат ва дарахтҳои мо хушк шуда мераванд,”--афзуд ин сокини Чоркӯҳ.

“Дар хонаамон ягон кабудӣ надорем”

Умеди як гуруҳ аз сокинони Чоркӯҳ барои оби нӯшокӣ ҳавзҳое аст, ки дар ҳавлиашон сохтаанд. Нозила Мирмамадова, раиси маҳаллаи Ибод Файзуллоев мегӯяд, оби ҳавзи хонааш фақат барои чанд рӯзи дигар мерасад. Раиси маҳалла афзуд, барои ҳалли мушкил чандин маротиба ба мақомоти шаҳри Исфара муроҷиат карданд, аммо мушкил ҳал нашуд. “Аз 1-уми апрел об наомадааст. Бинед, дар хонаамон ақалан кабудӣ надорем. Оби мехурдагӣ ҳам нест. Либосҳоямонро дигар ҷой бурда мешӯем. Гилемро нишон диҳам, чиркаш як ваҷаб. Аммо чӣ кор кунем, об нест. Оби ин ҳавз як метр зиёдтар, онро фақат барои нӯшидан мондем. Тамом шавад, намедонем чӣ кор мекунем.”,--гуфт ӯ.​

Умед ба гармшавии ҳаво

Мушкили таъмини об феълан дар маҳаллаҳои Ибод Файзуллоев, Бӯстон, Лангар ва Лангари Дашти ҷамоати Чоркуҳ ба назар мерасад. Дар ин маҳалҳо бештар аз 10 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Айни ҳамин мушкил дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам вуҷуд дорад. Оби ҳамаи ин деҳаҳо аз Қирғизистон меояд. Мақомоти қирғиз то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳалли мушкил талош доранд.

Алиакбар Аҳадов, мутахассиси идораи оби Исфара дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, камбуди об имсол хеле ҷиддӣ аст.

Ҷаноби Аҳадов пеш омадани мушкилро ба камбуд дар истифодаи обанбори Дӯстӣ рабт дод, ки Қирғизистон онро Торткӯл меномад. Ба гуфтаи масъули идораи оби Исфара, ин обанбор солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳадафи обёрии заминҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон сохта шуд. “Ҳозир ин чиз каме костагӣ дорад. Мо имрӯз бо ҳамсоя гуфтушунид карда, се куб обро аз обанбор ба канали ёрирасон партофта, ба хоҷагиҳо тақсим карда истодаем. Лекин ин об нокифоя аст. Камоби эҳсос мешавад. Инро бояд воқеъбинона гӯем,”--афзуд масъули идораи оби Исфара.

Барои ҳалли мушкили беобӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об ба Исфара рафтаанд. Умеди мақомот ва ҳам мардум ин аст, ки бо гарм шудани ҳаво оби дарё зиёд шуда, мушкили онҳо низ бартараф шавад.

Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Тақсими об чандин маротиба боиси сар задани муноқиша миёни ду тараф шудааст. Аз ҷумла ҷанҷоли хунини охири моҳи апрели соли гузашта бар сари назорат аз болои тақсими об дар маркази “Головной” сар зада буд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG