Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ, чарогоҳ, об. Талаби сокинони Ворух аз ҳукумати Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҷамоати Ворух

Номи ҷамоати Ворухи Исфара чанд сол боз дар пайванд ба ҷанҷолҳои марзӣ дар сархати хабарҳост. Қирғизистон ин ҷамоатро, ки 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ҷазирақаламрав меномад, вале мақомоти Тоҷикистон бахши ҷудонопазири кишвар медонанд.

Ягона роҳ ба Ворух феълан аз дохили деҳаи “Оқ-Сой”-и Қирғизистон мегузарад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Ворух аз сокинон пурсиданд, ки баҳсҳои марзӣ ба зиндагиашон чӣ таъсир гузоштааст ва аз ҳукумат чӣ мехоҳанд?

Посухи баъзе аз сокинони Ворух чунин буд:

  • "Камбуди мо роҳ аст. То соли 1974 мардуми Ворух ба воситаи роҳи Тангӣ рафтуомад мекард. Соли 1974 роҳи нав сохтанд ва сокинони Қирғизистон онро соҳибӣ карданд. Роҳи мо гум шуд."
  • "Як гап шавад, роҳро мебанданд, исфарагӣ дар Исфара мемонаду ворухӣ дар Ворух. Ин ба зиндагии мардум таъсири бад мерасонад."
  • "Мардум дар тарсу ваҳманд. Ҷанг шавад, мардум метарсад. Вақте аз байни деҳаи “Оқ Сой” мегузарем, ба тарафи мошинҳо санг мепартоянд, одам метарсад. Мо Шабона мо ҳаракат мекунем ба Исфара наравем. Ин масъаларо халқ карда наметавонад, бояд ҳукуматҳои ду кишвар мушкилро бартараф кунанд."
  • "Чарогоҳ надорем, бисёрашро қирғизҳо кашида гирифтанд."
  • "Қирғизҳо чарогоҳро гирифтанд ва моро ба онҷо роҳ намедиҳанд. Ман худам духтури ҳайвонҳо ҳастам, вақте ба ҳавлиҳо меравам, ҳамаи одамон суол медиҳанд, ки чарогоҳ мешавад ё не? Чаҳор сол, панҷ сол аст, ки дар азобем. Пеш муросо карда, ҳамроҳ истифода мебурдем. Аммо ҳозир чарогоҳҳоро гирифтанд ва халқи Ворух дар азоб."
  • "Президент гуфтанд, ки бо ҳамсояҳо муросо кунед. Мо муросо мекунем, аммо бояд чарогоҳҳоро ҳамроҳ истифода барем. Ин хел намешавад, ки онҳо ҳама чарогоҳҳоро гиранд."
  • "Як қисми Ворух об надорад, дарахтҳои мо хушк шуда истодааст. Сол то сол мушкили дастрасӣ ба об вазнин мешавад."
  • "Ҳарду халқ якдигарфаҳмӣ карда, зиндагиашонро пеш баранд, хуб мешавад. Муросо кардан кардан даркор, то ҷанҷол нашаваду ягон кас кушта нашавад."

Наворро дар инҷо бинед ва агар назаре доред, нависед:

Сокинони Ворух аз ҳукумати Тоҷикистон чӣ мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG