Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нав байни Душанбеву Бишкек. Камобӣ дар деҳаҳои марзӣ аз куҷост? ВИДЕО


"Головной"
"Головной"

Сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғд аз камобӣ ё қисман қатъ шудани об дар маҳалли зист ва киштзорашон дар як ҳафтаи охир хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин вазъ дар деҳаҳои марзии шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушкилҳоеро ба вуҷуд овардааст.

“Як ҷӯйборро бастанд”

Муҳиддин Аминов, як сокини маҳаллаи Бӯстони ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 12-уми апрел гуфт, аслан камшавии об аз оғози моҳ мушоҳида мешуд, аммо сокинони маҳаллаҳои қирғизнишин се рӯз пеш як ҷӯйбори обтаъминкуниро бастанд ва ҳоло мардум аз гирду атроф об мекашонанд.

Ин мушкилотро чанд сокини дигари ҷамоати Чоркӯҳ изҳор дошта, гуфтанд, «оббандӣ» беогоҳӣ ва худсарона аз ҷониби Қирғизистон шудааст. Мақомоти кишвари ҳамсоя дар ин замина ибрози назар накардаанд, вале раисони Суғду Бодканд рӯзи 12-уми апрел гуфтаанд, барои истифодаи одилона аз захираҳои обӣ як гуруҳ ташкил медиҳанд.

“Чор ҷамоат бе об монд”

Дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара гуфтанд, бастани об аз ҷониби Қирғизистон дастикам чор маҳаллаи ин ҷамоатро бе оби ошомиданӣ гузоштааст. Ҷӯйборе, ки баста шудааст, аз ҷониби дарёи Исфара тавассути деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканд ба маҳаллаҳои Ибод Файзуллоев, Бӯстон, Лангар ва Лангари Дашт меояд. Дар ин маҳалҳо бештар аз 10 ҳазор аҳолии шаҳри Исфара зиндагӣ мекунанд. Як моҳ пеш дар ин минтақа тирандозӣ сурат гирифта буд.

Сокинон мегӯянд, солҳои гузашта дар ин минтақа пеши об баста намешуд ва дар айни кишту кори баҳорӣ вазъи ба амаломада онҳоро нигарон кардааст.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва масъулони дигари идораи оби Исфара мегӯянд, пас аз мулоқоти раҳбарони вилоятӣ қарор аст ба зудӣ дар сатҳи ҷамоату ноҳияҳо ҳам ин масъала баррасӣ гардад.

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Исфара роҳҳои пешгирӣ аз ҷанҷол дар марзро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Таъсири обу ҳаво?

Айни чунин шикоят аз кишоварзони шаҳри Конибодом ҳам расидааст, ки бинобар камобӣ шоливу зироатҳояшон сӯхтаву нобуд шуда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, мегӯяд, камобии ин минтақаҳо бештар ба таъсири боду ҳаво рабт мегирад. "Ҳоло аз тангии Ворух ба андозаи 2,5 ё 2,7 куб об фаромада истодааст. Агар ҳаво то 40 дараҷа гарм шавад, пас, оби дарё ҳам баланд шуда ва мушкили камобӣ рафъ мегардад. Ҳоло об аз боло кам омада истодааст," -- афзуд Абдуллозода.

Вале ба гуфтаи ин масъули обтаъминкуни вилояти Суғд мушкили асосӣ бештар дар ҷамаоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида мегардад. Ба гуфтаи Абдуллозода, дар ҷӯйбори Хоҷа Боқирғон, ки он ҳам аз ҷониби Қирғизистон меояд, ҳамагӣ ба андозаи 3 куб об ҷорӣ гардидааст ва аз он як қисмати камаш ба Тоҷикистон мерасад. Заминҳои кишти калонтарин ноҳияи вилояти Суғд ва қисмати зиёди оби нӯшидании шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон аз ин ҷӯйбор сарчашма мегирад.

XS
SM
MD
LG