Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаберо ба номи Суннатулло, сарбози кушташуда дар Исфара, гузоштанд. ВИДЕО 


Як мактаби ноҳияи А.Ҷомӣ ба номи сарбози фавтида дар Исфара гузошта мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Як мактаби ноҳияи А.Ҷомӣ ба номи сарбози фавтида дар Исфара гузошта мешавад

Мактаберо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи сарбозе гузоштанд, ки моҳи гузашта дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон дар муноқишаи марзӣ кушта шуд.

Суннатулло Маҳмадови 21-сола сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара буд. Мактаби деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомиро, ки ӯ онҷо таҳсил карда буд, ба номаш гузоштанд.

Ин ҷавон ду сол пеш ба хидмат дар артиш ҷалб шуда буд ва моҳи апрел бояд муҳлати хидматаш ба поён мерасид.

Маҳмадзабир Ҷӯраев, падари ӯ, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд, бо шунидани марги писараш фавран ба ватан баргашт. Ӯ аз охирин суҳбат бо писараш ёд овард: “Гуфт, ки падарҷон ман 25-уми март дар хона мешавам, рӯзи 10-уми март ба ман занг заданд, ки фарзандатон дар пояш тир хӯрдааст. Ба хона омадам, насиб ҳамин будааст.”

Дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтанд, ки ба хонаводаи сарбоз кумак карданд. Бобокалон Мирзоев, як масъули ҳукумати ин ноҳия гуфт: “Вақте, ки ҷасадро оварданд, намояндагони мақомот ҳамонҷо буд, кумаки ғизоӣ ва пулӣ ба хонаводаи сарбоз расонида шуд. Бо қарори раиси ноҳия мактаберо, ки сарбоз Суннатулло Маҳмадов хондааст, ба номаш гузоштанд.”

Ҷасади Суннатулло Маҳмадов, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар як деҳаи марзии Исфара рӯзи 9-уми март кушта шуд, рӯзи 12-уми март дар ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Ҷомӣ ба хок супурда шуд.

Мақомоти ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карданд. Тирандозӣ шаби 11-уми март ҳам идома кард ва чанде аз хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркӯҳ осеб диданд.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисфе аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ гоҳ-гоҳ сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни сокинону марзбонони ду кишвари ҳамсоя мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG