Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Захмиҳо ҳастанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарбози тоҷик захмӣ шудааст. Ҳодиса шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, як сарбозаш маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. "Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим," -- хабар доданд манобеи Радиои Озодӣ.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани як сарбозаш хабар дод.

Ҳодиса чӣ гуна сар зад?

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман чизе намегӯянд, ба иттилои манобеи огоҳ, тирпарронӣ ҳангоми гаштугузори сарҳадбононии тоҷик рӯй додааст. Ба ривояти яке аз манбаъҳо, "марзбонони Қирғизистон луқмапартоӣ кардаанд ва дар натиҷаи баҳси лафзӣ тирпарронӣ сурат гирифтааст."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе гуфт, гуё сарҳадбонони тоҷик "бо вуҷуди ин ки низомиёни қирғизро диданд, ҳаракатшонро ба самти хатти шартии марз идома доданд".

Марз дар ин минтақа пурра муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва тарафи Тоҷикистон низ борҳо марзбонону шаҳрвандони Қирғизистонро ба ғайриқонунӣ гузаштан аз марз гунаҳкор кардааст.

Дар хабар омадааст, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.

Санҷидани дурустии ин иттилоъ феълан имкон надорад. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Ба иттилои расонаи қирғизистонӣ, намояндагони марзбонии ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд ва вазъ дар сарҳад "муътадил арзёбӣ" мешавад.

Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Борбоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Беш аз 60 ҳазор сокин дорад.

Наргис Ҷабборова, як сокини деҳаи Хистеварз, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар марз тирпаронии сахт сар зад" ва онҳо дар хона нишастаанд. Уғулой Қосидова, сухангӯи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Фейсбук навишт, ки "айни ҳол вазъ дар хатти марз ором аст, мардум дар ҳаёти муқаррарӣ қарор доранд, ҳеч ҷойи воҳимаву хавотирӣ нест. Аз хонаҳоятон берун наравед!"

Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъро дар марз "нисбатан мӯътадил" номидааст.

Задухӯрд... пас аз мулоқот

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки рӯзи 12-уми апрел намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар деҳаҳои сарҳадиро баррасӣ карданд. Дар мулоқоте, ки дар ноҳияи Исфара баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Бодканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев ҳузур доштанд.

Инчунин, ҳафтаи гузашта дар Душанбе гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел гуфт, ин гурӯҳҳо, ки ҳадафашон таъин ва нишонагузории марзи давлатии ду кишвар аст, аз 5 то 10-уми апрел мулоқот карда, дар поёни ҷаласа як протокол имзо карданд. Мақомоти ду кишвар мегӯянд, аз порсол ба ин сӯ дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ду кишвар дар умум 81 километр марз муайян шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.

Низои хунбортарин охири моҳи апрели соли 2021 сар зад ва се рӯз идома кард. Дар натиҷа, аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Мизони эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни сокинони манотиқи марзӣ ва мақомоти ду кишвар торафт кам мешавад ва равобити сиёсии раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон низ ночиз ба назар мерасад. Вале бо ин вуҷуд ҳарду тараф гуфтаанд, аз идомаи муколамаҳои дипломатӣ ва корӣ барои муайян ва аломатгузории қитъаҳои баҳсии марзӣ пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG