Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили маҷлиси Алмато дар робита ба ҳаводиси январ боздошт шуд


Кайрат Кудайберген

Соҳибкор, блогер ва вакили маҷлиси шаҳрии Алматои Қазоқистон боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Қазоқистон бо истинод ба наздикони вакили маҷлиси шаҳр хабар додаанд. Дар додситонии Алмато низ боздошти блогерро тасдиқ карданд.

Кайрат Кудайберген моҳи феврали имсол дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" навишт, ки ӯро барои бозпурсӣ ба кумитаи амният ва додситонӣ даъват кардаанд. Вакили қазоқ он замон гуфт, ки дар рухсатии меҳнатӣ дар шаҳри Дубай қарор дорад.

Расонаҳо менависанд, ки эҳтимол дорад Кайрат Кудайбергенро дар робита ба ҳаводиси моҳи январи имсол дастгир карда бошанд. Зеро ӯ дар наворҳо аз ҷараёни эътирозҳо дар канори соҳибнуфузи олами ҷиноии Қазоқистон Арман Ҷумагелдиев, маъруф ба "Дикий Арман" дида шудааст.

Худи Арман Ҷумагелдиев моҳи январи имсол бо чанд тан аз ҳамроҳонаш дастгир шуда буд.

XS
SM
MD
LG