Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Мазори Шариф. Даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд


Мазори Шариф. Акс аз бойгонӣ
Мазори Шариф. Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиш дар як масҷиди шиаҳо дар шаҳри Мазори Шариф, шимоли Афғонистон, дастикам 11 кас кушта шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 21-уми апрел рӯй дод.

Сухангӯйи идораи тандурустии Мазори Шариф мегӯяд, беш аз 30 каси дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

Дар ҳамлаи ҷудогона дар шаҳри Кундуз, шимоли Афғонистон, чаҳор нафари дигар ҷон бохтаанд.

Рӯзи 21-уми апрел дар Кобул низ таркиш рӯй дод ва дар натиҷаи он ду кӯдак маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG