Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби сӯхтор дар "Зайтуна"-и Бохтарро гуфтанд. ВИДЕО


Мақомот гуфтанд, қаҳвахонаи "Зайтуна" дар шаҳри Бохтар ба сабаби якбора баланд шудани шиддати нерӯи барқ оташ гирифтааст. Ҳодиса 19-уми апрел сар зад.

Набиҷон Бекиҷонзода, сардори Идораи оташнишонии Бохтар, рӯзи 20-уми апрел гуфт, "шиддати нерӯи барқ баланд шуда, қаҳвахона оташ гирифтаст."

Чанде аз мардум ҳам гуфтанд, баъд аз зуҳри 19-уми апрел дар Бохтар "қувваи барқ якбора баланд шуд ва баъзе дастгоҳҳо сӯхтанд".

Илҳом Шарифзода, намояндаи идораи барқи минтақа мегӯяд, чунин чизеро мушоҳида накардаанд ва аз сокинон ҳеч шикояте нагирифтанд.

Сӯхтор ба каҳвахонаи "Зайтуна"-и Бохтар зиён расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Қаҳвахонаи "Зайтуна", ки овардану нӯшидани шароб дар онҷо манъ буд, ба сабаби рӯзадории сокинон таътил дошт.

Ҳанӯз зиёни расидаро ҳисоб накардаанд.

XS
SM
MD
LG