Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси маъруф ва коршиноси мустақили узбекистонӣ, ки 17-уми апрел бо гумони "майдаавбошӣ" ва "итоат накардан ба кормандони пулис" боздошт гашта буд, шоми 18-уми апрел озод шудааст.
Худи Раббимов ин хабарро дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тасдиқ кард.
Раббимов афзуда, ки 17-уми апрел "иштибоҳ" карда ва дар амалиёти пулис дар бозори Чорсӯи Тошканд "дахолат" намуд. Вай ҳамчунин бо тасдиқи хабари ҷарима шуданаш аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ даъват кард, ки қазияро "сиёсӣ" накунанд.
Ҷузъиёти дигари парвандаи Раббимов то ҳол ошкор нашудааст. Коршиноси узбек изҳор доштааст, ки ҳодисаро баъдан муфассал шарҳ хоҳад дод.
Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 17-уми апрел Раббимовро дар "дахолати беасос ба фаъолияти кормандони милиса, монеъ шудан ба кори онҳо ва иҷро накардани талаби қонуниашон" айбдор карданд.
Камолиддин Раббимов аз соли 2007 дар Фаронса зиндагӣ мекард. Чанд моҳи пеш ба Узбекистон баргашта буд.