Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири таваққуфгоҳи пулакиро дар Алмато ба ҳабс гирифтаанд


Истгоҳи пулакии мошинҳо. Алмато
Истгоҳи пулакии мошинҳо. Алмато

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон Марат Принбеков, мудири ширкати "Алматы спецтехпаркинг сервис"-ро ба муҳлати ду моҳ ҳабс кард.

Ширкат таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ ва пулакиро дар канори роҳҳои Алмато дар ихтиёр дорад.

Дар қарори додгоҳ гуфта нашудааст, ки мудири ширкати мазкур ба чӣ муттаҳам мешавад. Аммо як манбаи огоҳ аз қазия ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, зидди масъулони ширкат бо банди "дуздии пули буҷаи давлат дар ҳаҷми махсусан калон" тафтишот оғоз шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки "Алматы спецтехпаркинг сервис" ба бародари соҳибкори маъруфи қазоқ Кайрат Боронбоев тааллуқ дорад.

Пештар Оҷонси назорати молии Қазоқистон хабар дода буд, ки Кайрат Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - бо гумони "ғорати маблағҳои буҷа" боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG