Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар шимоли Ироқ зидди курдҳо амалиёт мегузаронад


Нерӯҳои Туркия дар наздикии марзи Сурия
Нерӯҳои Туркия дар наздикии марзи Сурия

Вазорати дифои Туркия субҳи 18-уми апрел эълон кард, ки артиши ин кишвар дар шимоли Ироқ амалиётеро зидди ҷангҷӯёни Ҳизби коргарони Курдистон ё PKK оғоз кардааст.

Вазири дифои Туркия Хулусӣ Акар дар видеое, ки сомонаи ниҳоди зери раҳбарии ӯ нашр кардааст, мегӯяд, сарбозон ва ҳавопаймоҳои низомии он кишвар мавзеъҳои ҷангҷӯёни РКК-ро ҳадаф қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия мавзеъҳои ҷангҷӯён, аз ҷумла, анбори аслиҳа, нақб ва қароргоҳҳои онҳоро "муваффақона" нобуд карданд.

Вазири дифои Туркия нагуфтааст, ки дар ин амалиёт чи қадар низомӣ ва техникаҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд. Гуруҳҳои мусаллаҳи курд, ки дар шимоли Ироқ ҷойгир ҳастанд, то ҳол дар ин бора изҳорот надодаанд.

XS
SM
MD
LG