Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар ва хоҳари як фаъолро барои "авбошӣ" дар Рашт муҳокима мекунанд


Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола ба он гумонбар аст, ки як сокинро бо санг зада, маҷрӯҳ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Рашт баррасии парвандаи модари солхӯрда ва хоҳари Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, оғоз кард.

Мурофиаи нахустин рӯзи ҷумъа, 15-уми апрел баргузор шуд.

Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола ва духтари ӯ, Валамат Худоёроваи 34-сола, барои захмӣ кардани як сокини деҳаи Яшм гумонбар мешаванд. Онҳо ин иттиҳомро беасос ва туҳмат медонанд.

Як намояндаи додгоҳи Рашт, бидуни зикри номаш, рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири шаффофият ва беғаразӣ парвандаро Маҳмуд Баротзода, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷиргатол баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мурофиа боз аст ва наздикони даъвогар ва ҷабрдидаҳо дар он иштирок доштанд.

Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт, рӯзи 16-уми ноябри соли 2021, зидди Мавҷигул Ғарибова бо гумони даст доштан дар “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Тақрибан як моҳ баъд, бо ҳамин ҷурм, Ваъламат Худоёрова, духтари ӯро, ки соҳиби 3 фарзанд аст, шарики ҷиноят донистанд.

Аз додгоҳи Рашт гуфтанд, ки “имруз суханронии ҷабрдида Алишери Насриддин, сокини деҳаи Яшм, шунида шуд ва ӯ дар бораи чӣ гуна осеби ҷисмӣ диданаш аз дасти Маҷлигул Ғарибова ва духтари ӯ нақл кард.”

Алишери Насриддин, хешованди яке аз гумонбарон ба қатли Алиризо Худоёров, набераи Мавҷигул Ғарибова, аст. Ҳарду хонавода солҳо бо ҳам баҳс доштанд ва он дар моҳи июли имсол сабаби марги Алиризо шуд. Оилаҳо ҳар яке ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, рузи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои Алишери Насриддин комилан нодуруст аст ва на ӯ ва на духтараш ба ӯ зиён нарасонидаанд.

“Вақте Алишери Насриддин дар толори суд ҳарф мезад, ман ҳам мехостам бо далелҳо ба ӯ фаҳмонам, ки ҳарфҳояш нодурустанд, вале додрас мурофиаро анҷом дод ва ба рӯзи ҷумъаи дигар гузошт.”,--гуфт ӯ.

Пайвандони Алишер Насриддинов ба зангҳои телефонии мо посух надоданд.

Валамат Худоёрова, духтари Мавҷигул Ғарибова низ гуфт, онҳоро тӯҳмат кардаанд ва ӯ ҳеч ҷинояте содир накардааст.

Мавҷигул Ғарибова, қаблан гуфта буд, ки "Аз хонаи духтарам бармегаштам. Амаки Алишер Насриддинов фавтида буд. Дар роҳ аз ман пурсид, ки аз марги амакаш хушҳол ҳастам ё не. Гуфтам, ҳеч гоҳ хушҳол нестам, вале касе, ки набераам Алиризоро кушт, мемурд, беҳтар буд. Хашмин шуда, ба ман ҳамла кард ва ман афтодам. Сутунмуҳраам осеб дидааст."

Мухолифат ва муноқишаи ин ду хонавода, ба қавли сокинони Рашт, аз қабл вуҷуд дошт, аммо пас аз марги Алиризо Худоёрови 21-сола, набераи Мавҷигул Ғарибова, донишҷӯйи Донишгоҳи Рашт дар моҳи июли соли 2021 аз тарафи наздикони Алишери Насриддин, боз шиддат гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла бародари Алишери Насриддин- Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба 19 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум карда буд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG