Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон ба гумонбарони қатли Алиризо то 20 сол зиндон хостааст


Алиризо Худоёров
Алиризо Худоёров

Додситон ба гумонбарони қатли Алиризо Худоёров, сокини 21-солаи ноҳияи Рашт, то бист сол зиндон хостааст. Муҳокимаи онҳо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати додрасҳо ба хонаи машваратӣ даромадаанд ва "интизор меравад, ҳукм 6-уми январ эълон шавад."

"Додситон ба Абдулло Азимов 19 сол ва Зафар Ҳусейнов 20 сол зиндон пурсид," – илова кард мусоҳиби мо.

Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо, мегӯяд, ба сурати умум аз ҷараёни тафтишоти Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ розӣ нест. Вай ҳамзамон афзуд, "аз марги писарам шаш моҳ мегузарад, ягон дафъа волидони онҳо ба назди мо наомаданд, бахшиш напурсиданд. Баръакс, ба зидди модару бародаронам ба идораи милиса ва додситонии ноҳия ариза навистанд."

Дар гузашта наздикони гумонбарон боздошту муҳокимаи онҳоро нодуруст ва "ҳосили хусумати хонаводаҳо" хонда буданд.

Алиризо Худоёров бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Фарҳод Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров борҳо аз кори мақомот дар ноҳияи Рашт интиқод карда, ба гуфтаи худашон, зери фишор ҳастанд. Саъдулло Худоёров, бародари онҳо, моҳи гузашта дучори ҳамла шуда буд.

XS
SM
MD
LG