Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Борис Ҷонсонро аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум кард


Борис Ҷонсон зимни сафар ба Киев

Русия гуфт, ки ба сабаби мавзеъгирии душманонаи Бритониё, нахуствазир Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷӣ Лиз Трас ва чанде дигар аз вазирони ҳукумати он кишварро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мекунад.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия, аз рӯзи 16-уми апрел омадааст, ки қарори мазкур бинобар “амалкардҳои бесобиқаи душманонаи ҳукумати Бритониё, аз ҷумла барои таҳрим ба зидди мақомдорони сатҳи олии Русия “ қабул шуд.

Дар феҳрасти афроди таҳримкардаи Русия 13 нафар аз ҷумла номи Тереза Мей, нахуствазири собиқи Бритониё ҳаст ва вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки феҳраст дар ояндаи наздик дарозтар мешавад.

Баъди оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина дар моҳи январ кишварҳои ғарбӣ бахусус Бритониё ба зидди Русия, аз ҷумла худи раиси ҷумҳур Владимир Путин, ширкатҳои азими русӣ ва сарватмандони кишвар таҳримоти сахти иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG