Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаррири Шабакаи аввали Русия хабарнигори Die Welt шуд


Марина Овсянникова
Марина Овсянникова

Муҳаррири пешини Шабакаи аввали телевизиони Русия Марина Овсянникова, ки дар пахши мустақими барномаи "Время" зидди ҳамлаи Русия ба Украина эътироз карда буд, дар нашрияи олмонии Die Welt ба кор пазируфта шуд.

Овсянникова дар нашрия дидгоҳ хоҳад навишт ва дар таҳияи хабарҳои марбут ба Русияву Украина ширкат хоҳад кард.

Die Welt нахустин дидгоҳи Марина Овсянниковаро нашр кард, ки дар он хабарнигор аз таҳқиру дашнома шуниданаш баъди эътироз дар пахши мустақим нақл кардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабар дода намешавад, ки Марина Овсянникова Русияро тарк кардааст ё на. Пештар вай гуфта буд, ки тасмими тарки кишварашро надорад, ҳарчанд "хеле метарсад".

Дар пайи ин қазия раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин рӯзи душанбе гуфт, шаҳрвандии русиягиҳое бекор карда шавад, ки аз "амалиёти махсуси низомӣ" дар Украина ҳимоят намекунанд ва "рафтори баду хоинона доранд".

Марина Овсянникова, вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шуда буд, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".

Марина Овсянниковаро баъди он эътироз 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Ӯ ба ташкили эътирози ғайриқонунӣ гунаҳкор шуд.

Русия 24-уми феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG