Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканорӣ ва мансаби нави Икром Субҳонзода


Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз мақом барканор ва дарҳол мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф таъин шудааст.

Мақомот сабаби тасмимро нагуфтанд.

Қарори ҳукумат ва фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи барканорӣ ва мансаби нави Субҳонзода рӯзи 11-уми апрел содир шуд.

Ӯ моҳи феврали соли 2018 раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ таъин гардида, солҳои охир ба сабаби болоравии нархи билети ҳавопаймо борҳо танқиш шудааст.

Рӯзи 11-уми апрел бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Зиёдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илм, Аюб Усмонзода раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Сарвар Қурбониён муовини вазири молия ва Нигина Абдураҳмонзода мудири Оҷонси рушди бозори коғазҳои қиматнок таъин шудаанд.

XS
SM
MD
LG