Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди "Амонатбонк"-ро дар Кӯлоб задаанд. Пул набуд ё милисаҳоро дашном дод? ВИДЕО


Корманди "Амонатбонк"-ро дар бемористони "Қарияи Боло"-и Душанбе бистарӣ кардаанд

Як сокини Кӯлоб даъво дорад, ки маъмурони милиса писараш, Некрӯз Раҳмонов, корманди "Амонатбонк"-ро задаанд. Мақомот қазияро расман шарҳ надоданд. Як масъули идораи милисаи Кӯлоб гуфт, ҷанҷол баъди он рух дод, ки корманди бонк ҳамкорони ӯро дашном додааст. Модари ҷавон мегӯяд, писараш пас аз он мавриди зарбу лат қарор гирифт, ки бо сабаби набудани пул дар бонк натавонист, маблағи кормандони милисаро бидиҳад.

Ҳақ бо кист?

Почобӣ Наимова, модари Некрӯз Раҳмонов, корманди “Амонатбонк” дар Кӯлоб мегӯяд, латукӯби писараш рӯзи 4-уми апрели имсол рух дод. Ба гуфтаи Наимова, он рӯз ду корманди пулис барои гирифтани маблағашон ба бонк рафта, аз фарзанди ӯ талаб кардаанд, ки пулашонро диҳад.

«Писарам ба онҳо гуфтааст, ҳоло пул надорем. Онҳо мегӯянд, медонӣ мо кӣ ҳастем. Писарам дар посух гуфтааст, фарқаш чӣ, ҳамаамон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем. Баъд Некрӯз гуфтааст, бо раиси бонк гап занед. Лекин инҳо 8 нафари дигарро даъват карда, дасти писарамро баставу зада-зада ба шуъбаи пулис бурдаанд. Дар шуъба ҳам писарамро латукӯб карданд," – даъво кард ин сокини шаҳри Кӯлоб.

Кӯшишҳои мо барои фаҳмидани назари мақомот дар ин бора бенатиҷа буд. Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб ва Додситонии минтақаи ҳамном аз шарҳи мавзуъ худдорӣ варзиданд.

Як манбаъ дар идораи милисаи шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, қазия он тавре нест, ки наздикони кормандони бонк тасвир мекунанд. Ӯ, баръакс, Некрӯз Раҳмоновро ба он муттаҳам кард, ки гуё ҳамкоронашро дашном додааст.

“Милисаҳо барои пул меоянд, ин бача мегӯяд, пул нест, боз дашном медиҳад. Баъд даъват мекунанд, ки биё равем, ҳамонҷо байнашон ҷанҷол мешавад. Мумкин аст, ҳамонҷо ягон зарба хӯрда бошад,”-афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Набудани пул ё дашном. Сабаби латукӯби корманди “Амонатбонк” чӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Пизишкон: Пардаи гӯш рахна шудааст

Ташхиси тиббиву додгоҳӣ нишон додааст, ки пардаи гӯши Некрӯз Раҳмонов рахна шудааст. Пизишкони бемористони “Қарияи Боло”-и Душанбе аҳволи корманди «Амонатбонк»-ро муътадил гуфтанд. Ба қавли пизишкон, Некрӯз Раҳмонови 31-сола бояд ним сол зери назорати онҳо бимонад.

Модараш Почобӣ Наимова ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳони муҷозоти омилони латукӯби писараш шудааст.

Ҷанҷоли маъмурони милиса ва масъули бонк дар шабу рӯзе сар зад, ки шикоятҳо аз камбуди маблағ дар бонку банкоматҳои кишвар зиёд аст.

Ҳафтаи гузашта сокинон аз набудани пул дар “Амонатбонк”-и шаҳри Кӯлоб шикоят карданд. Сокинон маошу нафақаи худро асосан аз банкоматҳои «Амонатбонк» мегиранд. Дар Суғд ҳам камбуди маблағи нақд дар бонкҳо шикоят доранд. Масъулони Бонки Миллӣ мегӯянд, дархости бонкҳои тиҷоратиро барои гирифтани пули нақд пурра қонеъ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG