Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар банкомат маблағ мавҷуд нест". Саргардониҳои муштариёни "Амонатбонк" дар Кӯлоб. ВИДЕО


Аксар банкоматҳои "Амонтанбонк" рӯзи 4-уми апрел дар бораи набуди маблағ хабар доданд
Аксар банкоматҳои "Амонтанбонк" рӯзи 4-уми апрел дар бораи набуди маблағ хабар доданд

Аз аввали апрел ба ин сӯ бисёр сокинон дар минтақаи Кӯлоб аз камбуди пули нақд дар банкоматҳои “Амонатбонк” шикоят мекунанд.

Онҳое, ки маош, нафақа ё пасандозашонро аз банкоматҳо мегиранд, имрӯзҳо саргардонанд. Мегӯянд, аз аввали апрел ба ин сӯ наметавонанд аз банкоматҳои “Амонатбонк” пул гиранд. Санам Нозимова, як сокини Восеъ мегӯяд, чандин рӯз мешавад, ки барои гирифтани пул меояд, вале бенатиҷа.

Мисли Санам Нозимова, даҳҳо нафари дигар ҳам дар даромадгоҳ ва дохили намояндагии “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ интизори пули нақд ҳастанд.

Муштариёни интизори пули нақд дар назди идораи "Амонатбонк"
Муштариёни интизори пули нақд дар назди идораи "Амонатбонк"

Мардуми таҷрибадор мегӯянд, ки дар асл ин мушкил нав нест ва ҳар сари чанд гоҳ рух медиҳад. Аммо поён надорад. Масъулини бонк талош доранд нигарониҳоро рафъ кунанд ва масъаларо “муваққатӣ” арзёбӣ мекунанд. Сайдакбар Ҳақназарзода сардори идораи “Амонатбонк”-и минтақаи Кӯлоб аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи вазъият гуфт, ки “як рӯз-ду рӯз ҳамин хел, ҳақиқатан ҳам мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати набуди пули нақд дар идораи бонк “се рӯз” бештар тӯл намекашад. Аз сӯи дигар, ба қавли масъулини бонк, ҳолати мазкур ба он хотир рух медиҳад, ки “вақте нафақа охири моҳ омад, ҳама якбора мехоҳанд пулҳои худро бигиранд” ва дар натиҷа ҳолати камбуди пули нақд ба вуҷуд меояд.

Вале ба қавли як сокини маҳаллӣ, мушкили камбуди пул дар банкоматҳои “Амонтабонк” “доим” мушоҳида мешавад. Худойдоди Ислом хабарнигор аст ва зери навори видеои Радиои Озодӣ талош мекунад бо истифода аз корти бонкиаш пул бигирад: “Дирӯз масъулини “Амонтбонк” гуфтанд, ки бонкаматҳои онҳо доим пул дорад. Ҳозир тафтиш мекунем. Марҳамат, бубинед: 1153 сомонӣ дорад. “Давом додан”... Марҳамат: “пули нақдина вуҷуд надорад”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳафтаи ҷорӣ шикоятҳо аз надошти пул нашр мешуданд. Яке аз корбарони Фейсбук навишт, ки бархе сокинон аз соати чаҳори субҳ барои гирифтани пул мераванд. Рӯзи 4-уми апрел набуди пули нақд дар бонкоматҳои бонкҳои тиҷоратӣ ҳам мушоҳида мешуд. Намояндагони бонкҳо ин вазъиятро мавсимӣ меноманд, вале сокинон мегӯянд, то ин дараҷа гум шудани нақдинаро бори аввал мебинанд.

Мақомдорон камбуди пули нақд дар бонкҳои Кӯлобро муваққатӣ меноманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

XS
SM
MD
LG