Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои муштзани тоҷик дар "GeeBee Boxing Tournament-2022"


Баҳодур Усмонов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс «Gee Bee Boxing Tournament-2022» ба хотираи Гуннар Барлунд, муштзани номдори Финляндия, ки рӯзҳои 7-10-уми апрел дар Ҳелсинки баргузор шуд, медали тилло ба даст овард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, муштзани 24-солаи тоҷик бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 63,5 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ пардохт. Ӯ Ҳамлет Мнатсаканянро аз Арманистон бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Сипас, дар даври ниманиҳоӣ Ричард Ковачро аз Маҷористон бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Баҳодур дар финал бо Риси Лунч аз Шотландия рӯбарӯ шуд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии муштзани тоҷик бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт ва ӯ бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар пойтахти Финляндия бори чилум доир гардид, беш аз 100 варзишгар аз 13 кишвари Аврупо - Англия, Арманистон, Булғористон, Маҷористон, Норвегия, Олмон, Украина, Фаронса, Финляндия, Шведсия, Шотландия, Уэлс ва Эстония, инчунин аз ду кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Тоҷикистон - иштирок карданд.

Дар мусобиқаи “Gee Вee Boxing Tournament”, ки аз соли 1982 баргузор мешавад, имсол рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн миёни занон ва ёздаҳ вазн байни мардон сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, ки соли 2019 дар Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, соли гузашта дар Олимпиадаи Токио дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Элнур Абдураимови узбекистонӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG