Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон аз ғасби худсаронаи замин пешгирӣ мекунанд


Бишкек, соли 2021
Бишкек, соли 2021

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) фармонро дар бораи "чораҳои пешгирӣ аз ғасби худсаронаи замин" дар кишвараш имзо кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов бо имзои ин фармон ба як қатор ниҳодҳо, аз ҷумла намояндагони раисҷумҳур дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дастур додааст, ки аз ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин пешгирӣ карда, дар ин замина миёни сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд.

Ҳамчунин ҳудуди қитъаҳои замин дар маҳаллаҳо муайян ва назорати истифодаи онҳо пурзӯр карда шавад.

Манбаъ афзудааст, "сарфи назар аз чораҳои доимии ҳукумат ҳолатҳои ғасби замин, аз ҷумла заминҳои корам дар Қирғизистон ҷой дорад".

Дар Қирғизистон ҳудуди 13 ҳазор гектар замине, ки ба гуруҳи заминҳои кишоварзӣ шомил мешаванд, аз сӯи сокинон аз худ ва дар онҳо манзили истиқоматӣ бунёд карда шудааст. Сокинон бештари ин заминҳоро баъди соли 2005 ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG