Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Афғонистонро дар Маскав ба Толибон доданд


Сафорати Афғонистон дар Маскав
Сафорати Афғонистон дар Маскав

Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон эълон кард, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ба ихтиёри онҳо супурда шудааст.

Дар баёнияе рӯзи 9-уми апрел Толибон гуфтаанд, ки дар ихтиёри онҳо гузошта шудани сафорат барои равобити ду кишвар ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Афғонистон муҳим аст.

Русия расман ин иттилоро тасдиқ ё рад накардааст, вале пештар Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ба дипломати ҳукумати Толибон иҷозати кор додаанд.

"Садои Амрико" хабар дод, ки дипломати Толибон дар Маскав Ҷамол Носир Ғарвол аст.

Ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале ба кор оғоз кардани дипломаташонро дар Русия ин гурӯҳ оғози ба расмият шинохтан медонанд.

XS
SM
MD
LG