Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус Луҳанск ва Днепрро тирборон карданд


Ҷанг дар Украина аз рӯзи 24-уми феврал давом дорад.
Ҷанг дар Украина аз рӯзи 24-уми феврал давом дорад.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки нирӯҳои Русия субҳи 10-уми апрел чанд минтақаи Луҳанск ва Днепри Украинаро тирборон карданд ва ба биноҳои сокинон осеб расонданд.

Ба гуфтаи мақомоти Днепр, як нафар маҷрӯҳ шудааст. Валентин Резниченко, раҳбари Днепр гуфт, ки тирпаронӣ сухторро ба вуҷуд овард, ки онро хомуш карданд.

Тирборон вақте сурат гирфитааст, ки қарор буд, ҳазорон сокини осоишта аз ин минтақаҳо берун шаванд.

Русия аксари Луҳанскро дар ихтёр дорад ва талош дорад, ин минтақаро пурра ғасб кунад.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, низомиён рус ҳамлаҳоро дар ин минтақа бештар кардаанд.

XS
SM
MD
LG