Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия Ютубро мебанданд?


Рамзи Ютуб
Рамзи Ютуб

Мақомоти Русия аз корбарони Ютуб даъват кардаанд, ки наворҳои худро аз ин шабака ба шабакаҳои иҷтимоии русӣ кӯчонанд.

Шабакаи Ютуб саҳифаи Думаи давлатии Русияро, ки кори порлумони ин кишварро инъикос мекард, баст ва ин хашми мақомоти русро ба бор овард.

Ютуб дар саҳифаи "Дума ТВ" паём гузоштааст, ки "ин саҳифа бидуни имконияти барқарор шудан дар доираи таҳрмиҳои иқтисодӣ" баста шуд.

Ин саҳифа беш аз 145 ҳазор корбар дошт ва видеоҳои онро бештар аз 100 миллион бор тамошо карда буданд.

Мария Захарова, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар саҳифаи худ дар Телеграм аз корбарони Ютуб даъват кард, ки омода бошанд, чун ин шабака баста мешавад. "Ба назар мерасад, ки YouTube ҳукми худро хонд. Видеоҳои худро аз ин шабака берун кунед ва ба шабакаҳои русӣ гузаронед. Ин корро зудтар кунед", – таъкид кардааст Захарова.

Аз ин пеш, Роскомнадзор аз Ютуб хоста буд, ки дастрасӣ ба саҳифаи Думаи давлатиро барқарор кунад, вале ҷавоби рад гирифт. Мақомоти рус инро нақзи озодии сухан номиданд.

Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина Ютуб даҳҳо саҳифаи расонаҳои давлатии Русияро баст. Ютуб пахши реклама дар ҳудуди Русияро низ манъ кардааст. Блогерони тоҷик, ки бештари тамошобинонашон муҳоҷирони корӣ ҳастанд, гуфтанд, ки даромади худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG