Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониҳо дар Краматорск. Мулоқотҳои аввалини дипломатҳои аврупоӣ бо Зеленский. ВИДЕО, АКС


8-уми апрел, истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Краматорск
8-уми апрел, истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Краматорск

Украина ва кишварҳои муттафиқаш  барои ҳамлаҳои мушакии рӯзи 8-уми апрел ба як истгоҳи Роҳи оҳан Русияро гунаҳор карданд.

Дар ин ҳамла 52 нафар кушта шуд ва онро президент Владимир Зеленский як ҳамлаи ҳадафмандона ба сокинони мулкӣ номид. Маъмурияти Роҳи оҳани Украина гуфт, ки ду мушаки ба истгоҳи Краматорск партобшуда сокинони мулкиро ҳадаф қарор дод, ки дар талоши тарки минтақаи ҷангӣ буданд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки Маскав талош дорад ҳавзаи ҷангро ба минтақаҳои шарқии Украина интиқол диҳад, ки аз соли 2014 зери назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия мебошанд.

Павло Кириленко, раиси маъмурияти низомии Донетск шоми дери рӯзи ҷумъа гуфт, ки шумори қурбониҳо то 52 нафар афзоиш ёфт. Ба иттилои Кириленко, истгоҳи Роҳи оҳан мавриди ҳадафи як мушаки баллистикии кӯтоҳпарвози навъи “Точка-У” қарор гирифт, ки дорои бомбаҳои хӯшаӣ буда, дар ҳаво метаркад ва бомбаҳои хурдеро баъдан дар қаламрави васее паҳн мекунад. Тасдиқи ин иддао феълан имкон надорад.

Вазорати дифои Русия ва Кремлин даст доштани Русия дар ин ҳамла рад карданд. Дар изҳороти вазорати дифои Русия, ки РИА Новости нашр кард, гуфта шудааст, ки мушаки дар истгоҳ таркида танҳо аз ҷониби низомиёни украинӣ истифода мешавад ва нирӯҳои Русия рӯзи 8-уми апрел ҳеҷ ҳадафе барои задан дар Краматорск надоштанд. Зеленский дар изҳороти фейсбукиаш навишт: “Мо интизори вокуниши қавии ҷаҳонӣ ба ин ҷинояти ҷангӣ мебошем”.

Раҳбарони ҷаҳон ҳамларо маҳкум карданд

Президенти ИМА Ҷо Байден дар Твиттераш ин ҳодисаро чун “як ваҳшонияти навбатии Русия” маҳкум кард, ки “мардуми мулкии дар талоши фирор ба макони амнро ҳадаф қарор додааст”.

Ҳукумати Фаронса онро “ҷиноят алайҳи башарият” ва нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон “бевиҷдонӣ” номид.

Президент Зеленский гузориш дод, ки дар ҳамла ба Краматорск 300 нафар маҷрӯҳ шуданд ва гуфт, ки ба ҳангоми ҳодиса ҳеҷ як намояндаи артиши Украина дар истгоҳ набуд. Дар як муроҷиаташ ба парлумони Финляндия ӯ гуфт, ки Аврупо наметавонад ба амалҳову таҷовузи Русия “вокуниши нопурра” дошта бошад, чун, ба гуфтааш, “агар мо бархе шикофиҳое барои идомаи истибдод гузорем, озодӣ ҳифз намешавад”.

Дар аксу наворҳои видеоие, ки хабарнигорони Бахши украинии Радиои Озодӣ сабт кардаанд, дида мешавад, ки дар назди бору бағоҷи мусофирон даҳҳо ҷасад хобидааст.

Ҳамлаи бераҳмона ба истгоҳи роҳи оҳанги Краматорск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Шаҳрдори Краматорск Олександр Ҳончаренко гуфт, ки ҳангоми вуқӯи ҳамла дар истгоҳи Роҳи оҳан тахминан 4 ҳазор нафар қарор дошт. Дар як нишасти хабарӣ ӯ гуфт, ки бархе осебдидаҳо даст ё пояшонро аз даст додаанд.

Дар назди бинои марказии истгоҳ боқимондаҳои мушак дида мешавад, ки дар бадани он ба русӣ ибораи “барои фарзандони мо” навишта шудааст. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен, ки шоми дирӯз дар шаҳри Киев як нишасти матбуотӣ барпо кард, бо ишора ба ин навиштаҳо гуфт: “Рафтори бадбинона дигар ҳеҷ меъёре надорад... Ин боварнокарданист”.

Ин ҳодиса дар соатҳое рух дод, ки дипломатҳои калони аврупоӣ – вон дер Лейен, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди аврупо Жозеп Боррелл ва нахуствазири Словакия Эдуард Ҳегер бояд дар Киев бо Зеленский дидору гуфтугӯ мекарданд. Вон дер Лейен сафарашро аз шаҳри Буча оғоз кард ва шоҳиди аз як гӯри дастаҷамъӣ берун оварда шудани 20 ҷасад шуд. Баъдан дар як маросиме дар калисо ба ёди қурбониҳо шамъ афрӯхт.

"Одамгарии мо пора-пора шуд"

Вон дер Лейен, ки дар оғоз ҳарфе ба даҳон оварда наметавонист, ниҳоят гуфт: “Баъди дидани он чи ки ин ҷо мегузарад, тамоми ҷаҳон мотам гирифт”. Баъдан ӯ дар Твиттераш навишт, ки шурӯи сафар аз зиёрати Буча бисёр муҳим буд, чунки “дар Буча одамгарии мо пора-пора шуд”.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ куштор ва эъдомҳои мардуми мулкӣ дар Бучаро, ки дар шимоли Киев ҷойгир аст, маҳкум кард. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, аз ҷониби нирӯҳои Русия дар ин шаҳр беш аз 300 нафар кушта ва тахминан 50 нафари онҳо эъдом шуданд. Маскав ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Вон дер Лейен баъдан дар нишасти матбуотӣ бо Зеленский гуфт, ки дар натиҷаи таҳримҳо Русияро “таназзул” ва Украинаро “ояндаи аврупоӣ” дар пеш аст. Ӯ инчунин ваъда дод, ки талошҳои Киевро барои қабул шуданаш ба узвияти Иттиҳоди Аврупо суръат мебахшад.

Кишварҳои ғарбӣ таҳрими Русияро вусъат мебахшанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Дар вокуниш ба Буча Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрел бастаи панҷум ва навбатии таҳримҳо алайҳи Русияро ҷорӣ кард, ки аз ҷумла, манъи содироти ангишт, чӯб, маҳсулоти кимиёӣ ва дигар фаъолиятҳоро пешбинӣ мекунад. Инчунин киштиҳои русӣ дигар ҳақ надоранд ба соҳилҳои аврупоӣ наздик шаванд, чор бонк, аз ҷумла ВТБ аз системаи байналмилалии интиқолҳои пулӣ берун карда шуданд. Инчунин дороиҳои раҳбари Сбербанк ва ду духтари президенти Русия Владимир Путин дар Аврупо масдуд шуд.

Зеленский рӯзи 7-уми апрел гуфт, ки вазъ дар шаҳри дигари украинии Бородянка, ки ҳамчунин дар шимоли Киев ҷойгир асту ахиран аз дасти нирӯҳои Русия озод шуд, назар ба Буча боз ҳам сангинтар аст. Кормандони ҳолатҳои изтирорӣ ҳоло талош доранд аз зери овори бинои азими бисёртабақае, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои русҳо сарозер шудааст, ҷасадҳоро берун кунанд ва гумон меравад, ки ин ҷо садҳо нафар зери хок мондаанд. Вазъи шаҳри Черниҳов, ки аз ҷониби русҳо муҳосира шуда буд, инчунин сангину риққатбор аст. Артиши Русия ин шаҳрро давоми 40 рӯз мушак, бомба ва гулӯлаборон кардааст. Дар натиҷа, ба ҳисобҳои мақомоти маҳаллӣ, 70 дарсади шаҳр нобуд шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG